Мулоқоти сафири Тоҷикистон бо раиси Палатаи савдо ва саноати Туркманистон

23.03.2023 16:16

23.03.2023.16.16.jpg

23 марти соли 2023 мулоқоти сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода бо раиси Палатаи савдо ва саноати Туркманистон Довлетгелдӣ Режепов баргузор гардид.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои баргузории ҷаласаи Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Туркманистон дар моҳи апрели соли ҷорӣ, намоишгоҳ-ярмаркаи муштараки колоҳои Тоҷикистону Туркманистон ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ карданд.

Нигористон

Тақвим