21 марти соли 2023 бо ташаббуси Сафорати Тоҷикистон дар Олмон ҷашни хуҷастаи Наврӯзи байналмилалӣ бо иштироки ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҷамъияти тоҷикистониён таҷлил карда шуд.
Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомуддин Сатторов дар сухани шодбошӣ изҳор дошт, ки Наврӯз барои сарҷамъии тоҷикони бурунмарзӣ, эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, инчунин муаррифии ҳарчи бештари фарҳанги волои тоҷикон дар кишвари иқомат муҳим мебошад.
Бинобар ин, аз ҳамватанон даъват ба амал овард, ки дар рушду ободии Тоҷикистон ва баланд бардоштани симои мусбати он ҳиссагузор бошанд.
Ҳамзамон, ба ҷамъомадагон дастурхони идонаи наврӯзӣ густурда шуд.