Дар шумораи моҳи марти рӯзномаи олмонии “Behörden Spiegel” мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов бо рӯзноманигор Петер Слама зери унвони “Мо наздики 100% нерӯи барқи сабз истеҳсол мекунем” ба табъ расид.
Имомудин Сатторов дар бораи Тоҷикистон, густариши робитаҳои мутақобилан судманд бо Олмон тайи 30 соли истиқрори муносибатҳои дипломатӣ, дурнамои ҳамкориҳои баъдӣ, Стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ, зарфиятҳои гидроэнергетикӣ, сайёҳӣ ва фаъолияти дипломатӣ суҳбат анҷом дод.
Маълумотнома: “Behörden Spiegel” рӯзномаи мустақили байниминтақавии бахши давлатии Олмон шумор рафта, моҳона 103.000 нусха чоп мешавад. Ҳайати роҳбарикунандаи 11.500 маъмурияти мақомоти марбутаи шаҳриву ноҳиявии Олмон ва 350.000 нафар аз ҷумлаи хонандагони доимии рӯзнома маҳсуб меёбанд. Рӯзнома аз соли 1984 чоп шуда, дар шаҳрҳои Берлину Бонн редаксия ва Брюсселу Вена дафтар дорад.
Мо наздики 100% нерӯи сабз истеҳсол мекунем
Мусоҳибаи берлинӣ бо Имомудин Сатторов, Сафири Тоҷикистон
(BS/ps) Наваду се дарсади қаламрави кишвари Сафирро кӯҳҳо ташкил медиҳанд ва зиёда аз нисфи масоҳати он дар баландии 3000 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад. Маъруфтарин ва зеботарин қаторкӯҳҳои Помир дар шарқи Тоҷикистон тӯл кашидаанд. Дар ин ҷо на танҳо яке аз баландтарин шоҳроҳҳои кӯҳӣ, балки баландтарин нуқтаи кишвар “Қуллаи Исмоили Сомонӣ” бо баландии 7495м воқеъ аст. Тоҷикистон дар шимолу ғарб бо Ӯзбекистон, дар шимолу шарқ бо Қирғизистон, дар шарқ бо Чин ва дар ҷануб бо Афғонистон марзи муштарак дорад. Масофа аз пойтахти кишвари ӯ шаҳри Душанбе то Берлин 4.460 километр буда, ҳудуди як сол мешавад, ки Имомудин Сатторов ҳамчун Сафир кишвари масоҳаташ 142.600 километри мураббаъ ва маҳсур дар хушкии Осиёи Марказиро дар Олмон намояндагӣ мекунад.
Имомудин Сатторови 58-сола пас аз таҳсил дар риштаи фалсафа ва хатми рисолаи докторӣ дар Донишгоҳи Москва, аввали солҳои 90-ум кори илмии худро дар Донишгоҳи Бонн идома дод.
Петер Слама: Шумо донандаи якчанд забони хориҷӣ ҳастед. Ҳангоми таҳсил ва фаъолият дар Бонн лаҳҷаи “Bönsch“-ро мефаҳмидед ва дар карнавалҳо ширкат меварзидед?
“Ман мунтазам аз Кёлн дидан мекардам. Ба ман лаҳҷаи “Kölsch” (Кёлш) нисбат ба лаҳҷаи “Bönsch” (Бӯннш) наздиктар аст, зеро ман бо ин лаҳҷа қаблан ошно будам”, таъкид дошт Сатторов.
Дар бораи карнавали Кёлн (як навъ ҷашни умумихалқӣ) Сафир чунин нақл кард: „Дар ҳар сурат, вақте ман имкон медоштам, карнавали хиёбонӣ ва иди „Панҷумин фасли сол”-ро тамошо мекардам ва ба худ таассуроти фаромӯшнопазир боқӣ мегузоштам. Чунон ки маълум аст, ин ҷашн дар Кёлн ҳамчун як қисми „муқаддаси сол“ ном бурда мешавад. Аммо ин таърихи дигар аст…
Маротибаи дуюм дар мақом
Гузашта аз ин, ӯ то соли 1995 дар Донишгоҳи Фридрих-Вилҳелмси Рейн дар пойтахти қаблӣ (Бонн) ва баъдан то соли 2003 дар Сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Бонн фаъолият намудааст. Пас аз ифои вазифаҳо дар Франкфурт ва Душанбе ӯ бори аввал ба ҳайси Сафири давлаташ дар Олмон ва баъдан дар Москава фаъолият карда, аз оғози соли 2022 дубора ҳамчун Сафир дар кишвари мо таъйин шудааст.
Петер Слама: Назари Шумо нисбат ба рушди робитаҳои дуҷониба миёни Тоҷикистону Олмон?
Лоиқ ба таъкид аст, ки ба истиқрори робитаҳои дипломатӣ 30 сол пур мешавад. Ҷониби Тоҷикистон ба муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои гуногунҷанба бо Олмон аҳамияти вежа дода, рушди минбаъдаи онҳоро яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии худ медонад. Олмон ҳамчун шарики муҳимтарин ва боэътимод мо дар Аврупо бо муколамаи фаъоли сиёсӣ, боздидҳои мунтазами сатҳи олӣ дар заминаи муносибатҳои анъанавӣ, дӯстона ва шарикӣ ба ҳисоб меравад”, шарҳ медиҳад Сафир.
Петер Слама: Аз ин рӯ, мусоидат ба рушди ҳамкориҳо дар мадди аввали рӯзномаи кории мавсуф меистад. Сафир ба густариши равобити иқтисодӣ-тиҷоратӣ, ҷалби бештари сармояи олмонӣ ба Тоҷикистон ва табодули фаъол дар бахшҳои илму фарҳанг ва маориф манфиатдор аст.
“Кишвари ман ба сармоягузории мустақим, технологияи муосир ва навовариҳои Олмон барои азхудкардани захираҳои истифоданошуда, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва бад-ин васила баланд бардоштани самаранокии иқтисодиёт ҳавасманд аст. Барои мо махсусан соҳаҳои нерӯи таҷдидпазир, истихроҷи маъдан ва сайёҳӣ авлавият доранд.
Сафир ҳамчунин бар он назар аст, ки кишвараш дар Иттиҳоди Аврупо ҷойгоҳи махсус дорад. Бинобар ин, Брюссел соли 2019 барои беҳбуди ҳамкориҳо бо давлатҳои Осиёи Марказӣ Стратегияи навро қабул кард. Дар ин росто, ҳамкориҳои минтақавӣ дар масоили амниятӣ тақвият ёфта, мавзӯи робитаҳо бо Афғонистонро низ фаро мегирад.
„Ин ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисод, транзит, нақлиёт ва энергетика ҷиҳати дастгирии фазои сармоягузорӣ барои корхонаҳои хурду миёна, коҳиш додани таъсири тағйирёбии иқлим ва таъмини рушди устувори минтақа муҳим аст. Инчунин яке аз ҳадафҳои дигар таъсиси идоракунии муосири сарҳад бо мақсади мубориза бо хатару таҳдидҳои амниятӣ барои тамоми кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад”, чунин шарҳ дод дар идома Сатторов.
Об ҳамчун замина
Петер Слама: Ҳукумати мавсуф дар Душанбе барои таъмин намудани ҷумҳурӣ бо нерӯи барқ тадбирҳои мушаххас меандешад. Кӯлҳои сершумор ва зиёда аз 900 рӯдҳои дар онҷо ҷорибуда, дарозии умумии 28.500 км-ро ташкил медиҳанд. Зиёда аз 60 фоизи захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон ташаккул меёбанд. Дар ҳамаи дарёҳо зиёда аз 350 нерӯгоҳҳои барқи обӣ мавҷуданд ва захираҳои умумии гидроэнергетикӣ 527млрд квт/соат дар як сол ба ҳисоб меравад.
“Дар ҳоле ки 95 дарсади зарфиятҳои нерӯгоҳҳои барқи обии истифодашаванда то ҳол азхуд карда нашудаанд“, таъкид дошт Сатторов.
Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” дар рӯдхонаи Вахш мавриди бунёд қарордошта, бо иқтидори 3600 МВт бузургтарин НБО дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. “Ҳоло 95 дарсади нерӯи барқи мо аз чунин нерӯгоҳҳо тавлид мешавад ва тақрибан 100 фоиз нерӯи сабзро истеҳсол мекунанд. Ғайр аз ин, иқлими маҳал барои истифодаи нерӯи офтоб мусоид аст. Бо иқтидори тақрибан 25 миллиард киловатт соат дар як сол, ин зарфият то ҳол пурра истифода нашудааст.
Дар ин замина, мехоҳам таъкид намоям, ки Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид-2023 аз 22 то 24 марти соли равон дар Ню-Йорк таҳти раёсати Тоҷикистон ва Нидерланд баргузор мешавад, баъд аз Конфронси оби сатҳи баланди соли 1977 дар Мар-дел-Платаи Аргентина, нахустин Конфронси оби СММ дар чунин сатҳ ба ҳисоб меравад“, бо ифтихор иттилоъ дод Сатторов.
„Дар баробари он, ки дарёҳо асоси иқтидори энергетикии мо мебошанд, инчунин оби онҳо аз лиҳози сифат ҳамчун оби нӯшокӣ истифода мешаванд. Бинобар ин, бо ташаббуси Ҳукумати ман Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк соли 2003-ро “Соли байналмилалии оби тоза” ва солҳои 2018-2028-ро Даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди устувор” эълон кард.
Сайёҳӣ ва тағйирёбии иқлим
“Сарвати табиӣ“-и дигар дар кишвар ин соҳаи сайёҳӣ мебошад. Сайёҳӣ ҳанӯз аз замонҳои қадим дар Роҳи Абрешим маншаъ мегирад ва дар он на танҳо табодули мол байни Шарқу Ғарб сурат мегирифт, балки ғояҳо ва фарҳанг низ мубодила мешуданд.
„Меҳмононро мо „атои Худо“ мегӯем ва онҳо зимни боздид аз Тоҷикистон шаҳраки Саразм (Мероси фарҳангии ЮНЕСКО), ки ду ҳазор сол пеш аз солшумории мелодӣ сохта шудааст, ибодатгоҳҳо, қасрҳо, ҳафриётҳо, хонаҳои бонуфуз, табиат, кӯҳҳо ва дарёву кӯлҳоро пайдо хоҳанд кард. Хосатан машҳурияти кӯҳҳои Фон байни сайёҳон ва кӯҳнавардон вирди забонҳо шудааст. Барои онҳое, ки фазои комилан ором мехоҳанд, дар Тоҷикистон ҳудуди 200 чашмаи оби минералӣ ва термалӣ мавҷуд аст ва ин мавзеъҳо тадриҷан ба осоишгоҳҳои муолиҷавӣ табдил меёбанд. Барои дидан ва таҷриба кардани ҳама ин гуфтаҳо, аз соли 2022 имкон вуҷуд дорад, то бидуни раводид ба Тоҷикистон сафар намуд ва мустақиман аз Мюнхен ба Душанбе парвоз анҷом дод”, изҳор дошт Сатторов.
Аммо тағйирёбии иқлимро бо обхезиву хушксолӣ дар Тоҷикистон низ наметавон нодида гирифт ва ин падидаҳои табиӣ на танҳо сайёҳонро “ҳаросонидаанд”, балки ба захираҳои обу энергетика ва умуман амнияти озуқаворӣ таъсири манфӣ мерасонанд.
Дар идомаи суҳбат Сафир Сатторов қайд кард, ки „Боз як оқибати ҷиддӣ, ин обшавии пиряхҳо мебошад. Аз 13000 пиряхҳои мавҷуда, аллакай 1000 пиряхҳо комилан нопадид шудаанд. Дар робита ба ин, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карданд, ки соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо“ эълон гардида, барои ҳифзи пиряхҳо Фонди боэътимоди махсус таъсис дода шавад.
Петер Слама: Ҳудуди 30 сол мешавад, ки Сатторов ҳамчун дипломат ва Сафири давлати худ дар сафар қарор дорад ва дар анҷоми суҳбат назари хешро чунин иброз дошт:
“Ман ифтихорманд ва қаноатманд аз он ҳастам, ки тайи солҳои тӯлонӣ давлати худро намояндагӣ мекунам ва дар ин росто шояд рисолатеро барои ба ҳам наздик кардани кишварҳо анҷом дода бошам. Дар замони чолишҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ беҳбуди минбаъдаи равобит дар ҳама бахшҳои ҳамкориҳои дуҷониба, инчунин нигоҳдории муносибатҳои дӯстона ва рифоҳи мо дар солҳои баъдӣ муҳим дониста мешавад”.
Суҳбаторо: Петер Слама, рӯзноманигор
Мақола дар пайванди зер (саҳифаи 10) қобили дарёфт мебошад: