17 марти соли 2023 мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Ҳошимии Урдун Зубайдулло Зубайдзода бо директори Донишкадаи дипломатии Урдун Башир Ал-Зааби баргузор гардид.
Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаи ба роҳ мондани ҳамкориро мавриди баррасӣ қарор дода, ташкили давраҳои бозомӯзӣ барои дипломатҳои ҷавонро таъкид намуданд.