Рӯзҳои 7-9 марти соли 2023 дар шаҳри Берлин Намоишгоҳи байналмилалии “ITB Berlin-2023” баргузор гардид, ки дар он ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони ширкатҳои сайёҳии ватанӣ иштирок доштанд.
Дар ҳамкории муштарак байни Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафорати Тоҷикистон дар Олмон ва муҷтамеи намоишгоҳи “Messe Berlin” гӯшаи сайёҳии кишвари мо зери унвони “Тоҷикистон-сарзамини сайёҳӣ” ташкил карда шуд.
Дар гӯшаи Тоҷикистон маводи таблиғотӣ оид ба имкониятҳои сайёҳӣ, роҳнамо, харитаҳо, варақаҳои иттилоотӣ ва дигар маълумоти мавриди таваҷҷуҳ пешкаши тамошобинону дӯстдорони сайру саёҳат гардид.
Маврид ба зикр аст, ки иштироки фаъоли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар “ITB Berlin” ҷиҳати муаррифии ҳарчи бештари имконитяҳои сайёҳии кишвар, ҷалби теъдоди зиёди гардишгарон ва тақвияти ҳамкориҳои муфид байни ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ва ҷаҳонӣ заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.
Соли 2023 дар “ITB Berlin” ҳудуди 161 кишвар бо 5.500 намоишгарон гӯшаҳои алоҳида таъсис дода, ҳамин тариқ ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ имконот ва хизматрасониҳои худро ба иштирокчиёну коршиносони соҳа муаррифӣ карданд.