Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Арабии Сурия

20.02.2023 11:42

18 феврали соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Арабии Сурия Башшор Асад сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Зубайдзодаро ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот паёми таслияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бино ба заминҷунбии шадид дар ин кишвар ба Президенти Ҷумҳурии Арабии Сурия тақдим гардид.

Дар навбати худ, Башшор Асад аз номи Ҳукумат ва мардуми Сурия ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамдардӣ ва тақдими кумакҳои башардӯстона дар чунин лаҳзаҳои душвор изҳори сипос ва миннатдории самимӣ намуд.

Ҳамзамон ҷонибҳо атрофи густариш ва аз нав тақвият додани муносибатҳои дуҷониба дар арсаҳои гуногун ва дигар мавзӯъҳои муҳимми минтақавию байналмилалӣ табодули афкор намуданд.

Нигористон

Тақвим