3 феврали соли 2023 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин сафири Салтанати Умон дар Тоҷикистон (бо иқомат дар ш. Теҳрон) Иброҳим ибни Аҳмад ал-Муайниро ба ҳузур пазируфт.
Дар оғози вохӯрӣ сафири Салтанати Умон паёми Аълоҳазрат Ҳайсам бин Ториқ Оли Саид, Султони Салтанати Умонро ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супорид.
Дар идома ҷонибҳо оид ба вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Умон табодули назар карданд.