Конвенсияи Вена оид ба ҳуқуқи шартномаҳои байналмилалӣ

14.09.2020 10:10

КОНВЕНСИЯИ ВЕНА ДАР БОРАИ
ҲУҚУҚИ ШАРТНОМАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

аз 23 майи соли 1969

 

Давлатҳо-иштирокчиёни Конвенсияи мазкур,

бо назардошти нақши муҳими шартномаҳо дар таърихи муносибатҳои байналмилалӣ,

бо эътирофи афзудани аҳамияти шартномаҳо ҳамчун сарчашмаи ҳуқуқи байналмилалӣ ва воситаи рушди ҳамко­риҳои осоишта байни миллатҳо, новобаста аз тафовути давлатӣ ва сохти иҷтимоии онҳо,

бо зикри ин ки принсипҳои ризояти озод ва бовиҷдонӣ ва меъёри pacta sunt servanda  эътирофи умумиро касб намудаанд,

бо тасдиқи ин ки баҳсҳои марбут ба шартномаҳо ва дигар баҳсҳои байналмилалӣ бояд танҳо ба тарзи мусолиҳатомез мутобиқ ба принсипҳои адолат ва ҳуқуқхои байналмилалӣ ҳаллу фасл шаванд,

бо ёдоварӣ аз қотеияти мардумони Милали Муттаҳид дар амри фароҳам овардани шароити мусоид ба мақсади риояи адолат ва эҳтиром гузоштан ба уҳдадориҳо, ки аз шартномаҳо бармеояд,

бо ба инобат гирифтани принсипҳои ҳуқуқи байнал­милалӣ, ки дар Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид дарҷ гардидаанд, чун принсипҳои баробарӣ ва худмуайянкунии миллатҳо, баробарии соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти ҳамаи давлатҳо, дахолат накардан ба корҳои дохилии давлатҳо, манъи таҳдиди қувва ва ё истифодаи он ва эҳтироми умумии риояи ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосӣ барои ҳама,

бо назардошти кодекссозӣ (кодификатсия) ва рушди рӯзафзуни ҳуқуқи шартномаҳо, ки дар Конвенсияи мазкур амалӣ шудааст, дар расидан ба аҳдофи дар Ойиннномаи Созмони Милали Муттаҳид дарҷгардида, таъмини амният ва сулҳи байналмилалӣ, рушди муносибатҳои дӯстона байни халқҳо ва амалӣ сохтани ҳамкориҳои тарафайн мусоидат мекунанд,

бо тасдиқи он ки меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии анъанавӣ масоилеро, ки дар меъёрҳои Конвенсияи мазкур ҳалли худро наёфтаанд ба мисли пешин танзим менамоянд,

дар бораи меъёрҳои зерин ба тавофуқ расиданд:

 

Қисми I. МУҚАДДИМА

 

Моддаи 1. Доираи татбиқи Конвенсияи мазкур

 

Конвенсияи мазкур нисбат ба шартномаҳои байни давлатҳо татбиқ мегардад.

 

Моддаи 2. Истифодаи истилоҳот

 

1.Барои ҳадафҳои Конвенсияи мазкур:

а) «шартнома» созишномаи байналмилалие, ки байни давлатҳо дар шакли хаттӣ, ки аз ҷониби ҳуқуқи байналмилалӣ танзим мегардад, новобаста аз он ки созишнома дар як ҳуҷҷат ё ду ва ё чанд ҳуҷҷати байни худ алоқаманд ва ҳамчунин новобаста аз номи мушаххаси он, маҳсуб меёбад;

б) «тасдиқ (ратификатсия)», «қабул», «тасдиқ» ва «ҳамроҳшавӣ» вобаста аз мавқеъ ҳуҷҷати байналмилалиест, ки тавассути он давлат дар арсаи байналмилалӣ ризоят бобати уҳдадориҳоеро, ки аз шартнома бармеояд, иброз медорад;

в) «ваколат» ин ҳуҷҷатест, ки аз тарафи мақоми босалоҳияти давлат пешниҳод мегардад, ки тавассути он як ё чанд нафар ба мақсади муаррифии ин давлат барои пешбурди музокирот, қабули матни шартнома ё муайян намудани саҳеҳии он, ибрози ризояти ин давлат оид ба ҳатмӣ будани  шартнома барои он ё ба мақсади иҷрои дигар амалҳо, ки ба ин шартнома марбут аст, мебошад;

г) «эзоҳ» ин изҳороти яктарафаи ҳар гуна тасвият ва ҳама гуна ном, ки аз тарафи давлат дар вақти имзо, тасдиқ (ратификатсия), қабул ва тасдиқи шартнома ва ё ҳамроҳшавӣ ба он амалӣ мегардад, ки тавассути он давлат хоҳиши хориҷ ё тағйири амалҳои ҳуқуқии ҳолатҳои муайяни шартнома ва татбиқи онҳо нисбат ба ин давлатро арз менамояд;

ғ) «давлати дар музокирот иштироккунанда» давлатест, ки дар таҳия ва қабули матни шартнома иштирок кардааст;

д) «давлати аҳдкунанда» давлатест, ки оид ба ҳатмӣ будани шартнома  барои он, новобаста аз он ки шартнома ҳукми амалӣ гирифтааст ё не, ризоят додааст;

е) «иштирокчӣ» давлатест, ки оид ба ҳатмӣ будани шартнома барои он ризоят додааст ва барои он шартнома эътибор дорад;

ё) «давлати сеюм» давлатест, ки иштирокчии шартнома намебошад;

ж) «созмони байналмилалӣ» созмони байниҳукуматӣ маҳсуб меёбад.

2. Меъёрҳои банди 1, ки ба истифодаи истилоҳоти Конвенсияи мазкур дахл доранд, ба истифодаи ҳамин истилоҳот ва ё мафҳумҳо дар ҳуқуқи дохилии давлати матлуб таъсир намерасонанд.

 

Моддаи 3. Шартномаҳои байналмилалие, ки ба соҳаи
татбиқи Конвенсияи мазкур намедароянд

 

Далели он ки Конвенсияи мазкур нисбат ба шартномаҳои байналмилалие, ки байни давлатҳо ва дигар субъектҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ё байни дигар субъектҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва шартномаҳои байналмилалие, ки шифоҳӣ қабул гардидаанд, таъсир намерасонад:

а) ба эътибори ҳуқуқии чунин шартномаҳо;

б) нисбат ба онҳо татбиқи ҳаргуна меъёрҳое, ки дар Конвенсияи мазкур дарҷ гардидаанд ва метавонанд таҳти амали он, бо назардошти ҳуқуқи байналмилалӣ, новобаста аз Конвенсияи мазкур, қарор гиранд;

в) татбиқи Конвенсияи мазкур нисбат ба муносиботи байниҳамдигарии давлатҳо дар доираи созишномаҳои байналмилалӣ, ки иштирокчиёни он субъектҳои дигари ҳуқуқи байналмилалӣ низ ҳастанд.

 

Моддаи 4. Конвенсияи мазкур эътибори бозгашт надорад

 

Бе зарар барои татбиқи ҳар гуна меъёрҳо, ки дар Конвенсияи мазкур дарҷ гардидаанд ва бо назардошти ҳуқуқи байналмилалӣ таҳти амали он шартномаҳо қарор мегирифтанд, новобаста аз Конвенсия, он танҳо ба шартномаҳое, ки баъди аз ҷониби давлатҳо бастани он ва нисбат ба онҳо эътибор пайдо намуданашон мавриди татбиқ қарор хоҳанд гирифт.

 

Моддаи 5. Шартномаҳое, ки созмони байналмилалиро таъсис медиҳанд ва шартномаҳое, ки дар доираи созмони байналмилалӣ қабул гардидаанд

 

Конвенсияи мазкур нисбат ба ҳаргуна шартнома, ки санади созмондиҳандаи созмони байналмилалӣ мебошад ва ба ҳамаи шартномаҳое, ки дар доираи созмони байналмималӣ қабул гардидаанд, бидуни зарар барои қоидаҳои дахлдори созмон  татбиқ мегардад.

 

Қисми II. БАСТАН ВА ҚУВВАИ ҚОНУНӢ
ПАЙДО КАРДАНИ ШАРТНОМАҲО

 

Боби 1. Бастани шартномаҳо

 

Моддаи 6. Қобилияти ҳуқуқии давлатҳо  оид ба бастани шартномаҳо

 

Ҳар як давлат қобилияти ҳуқуқии бастани шартномаҳоро дорад.

 

Моддаи 7. Ваколатҳо

 

1. Шахс намояндаи давлат маҳсуб меёбад, ё ба мақсади қабули матни шартнома ва ё муайян намудани саҳеҳияти он ва ё ибрози ризояти давлат оид ба ҳатмӣ будани шартнома барои он, агар:

а) ӯ ваколатҳои дахлдорро пешниҳод намояд; ё

б) аз таҷрибаи ин давлатҳо ё ҳолатҳои дигар бармеояд, ки онҳо нияти ин шахсро ҳамчун намояндаи давлат ҷиҳати иҷрои ин мақсад муаррифӣ мекарданд ва ваколати онҳо талаб  карда намешуд.

2. Шахсони зерин бо назардошти вазифаи онҳо бе зарурати пешниҳоди ваколатҳои худ намояндаи давлати хеш маҳсуб мешаванд:

а) саррони давлатҳо, саррони ҳукуматҳо, вазирони корҳои хориҷӣ –бо мақсади анҷом додани ҳамаи амалҳо, ки ба бастани шартномаҳо дахл доранд;

б) роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ - бо мақсади қабули матни шартнома байни давлати аккредитатсиякунанда ва давлате, ки онҳо дар он аккредитатсия шудаанд;

в) намояндагоне, ки аз тарафи давлат ваколатдор гардидаанд, то дар конфронсҳои байналмилалӣ ва ё созмонҳои байналмилалӣ ва ё дар яке аз чунин мақом ба мақсади қабули матни шартнома дар Конфронсҳо намояндагӣ кунанд.

 

Моддаи 8. Тасдиқи минбаъдаи амале,
ки бе ваколатноккунӣ сурат гирифтааст

 

Амали аз тарафи шахсе, ки дар асоси моддаи 7 намояндаи ваколатдори давлат бо ин мақсад маҳсуб намеёбад, дар вақти бастани шартнома аҳамияти ҳуқуқӣ надорад, агар вай баъдан аз тарафи ин давлат бо ин мақсад тасдиқ нагардад.

 

Моддаи 9. Қабули матн

 

1. Матни шартнома бо ризояти ҳамаи давлатҳое, ки дар таҳияи он иштирок намуданд, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар банди 2 пешбинӣ шудаанд, қабул мегардад.

2. Матни шартнома дар конфронси байналмилалӣ бо тарафдории аз се ду ҳиссаи давлатҳои иштирокчӣ бо роҳи овоздиҳӣ қабул мегардад, агар онҳо бо иттифоқи оро қавоиди дигареро роҳандозӣ накунанд.

 

Моддаи 10. Муайян намудани саҳеҳии матн

 

Матни шартнома саҳеҳ ва ниҳоӣ ҳисобида мешавад:

а) дар натиҷаи татбиқи чунин тартибе, ки дар ин матн пешбинӣ шудааст ва ё мувофиқанамоии байни давлатҳое, ки дар таҳияи он саҳм гузоштаанд;

б) Ҳангоми набудани чунин тартиб, бо роҳи ба имзо расонидан, имзои ad-referendum ё параф намудани (пешакӣ имзо намудани) шартнома ё ҳуҷҷати хотимавии конфронс аз тарафи намояндагони ин давлатҳо, ки ҳамин матн дар он дарҷ гардидааст.

 

Моддаи 11. Тарзи ифодаи ризоят барои ҳатмӣ будани шартнома

 

Ризояти давлат оид ба ҳатмӣ будани шартнома барои он тавассути ба имзо расонидани шартнома, табодули ҳуҷҷатҳое, ки шартномаро ташкил медиҳанд, тасдиқи (ратификатсияи) шартнома, қабули он, тасдиқи он, ҳамроҳшавӣ ба он ва ё ба ягон тарзи дигаре, ки ба тавофуқ расидаанд, ифода меёбад.

 

Моддаи 12. Ризоят оид ба ҳатмӣ будани шартнома,
 ки бо имзо иброз гардидааст

 

1. Ризояти давлат оид ба ҳатмӣ будани шартнома барои он бо роҳи баимзорасонии шартнома аз тарафи намояндаи давлат баён мегардад, агар:

а) дар шартнома пешбинӣ шуда бошад, ки баимзорасонӣ чунин эътиборро дорад;

б) бо шакли дигар тавофуқи давлатҳои дар музокирот иштироккунанда оид ба он ки баимзорасонӣ чунин эътиборро бояд дошта бошад, ба даст омадааст; ё

в) нияти давлат оид ба додани чунин эътибор ба имзорасонӣ аз ваколатҳои намояндаи он бармеояд, ё дар раванди музокирот баён шудааст.

2. Барои мақсадҳои банди 1:

а) параф кардани (пешакӣ имзо кардани) матн  маънои баимзорасонии шартномаро дар он ҳолат дорад, ки агар муайян шуда бошад, ки давлатҳои дар музокирот иштироккунанда ба чунин тавофуқ расиданд;

б) имзои ad-referendum-и (пешакии) шартнома аз тарафи намояндаи давлат, агар аз тарафи ин давлат тасдиқ гардида бошад, маънои баимзорасонии шартномаро дорад.

 

Моддаи 13. Ризояти давлат оид ба ҳатмӣ будани шартнома, ки бо роҳи мубодилаи ҳуҷҷатҳои шартномаро ташкилдиҳанда ифода ёфтааст

 

Ризояти давлатҳо оид ба ҳатмӣ будани шартнома барои онҳо, ки аз ҳуҷҷатҳое, ки онҳо мубодила мекунанд, иборатанд, тавассути ин мубодила ифода меёбад, агар:

а) ин ҳуҷҷатҳо пешбинӣ намоянд, ки мубодилаи онҳо чунин эътиборро доро мебошад; ё

б) ба тарзи дигар ин давлатҳо ба тавофуқ расиданд, ки ин мубодила чунин эътиборро бояд дошта бошад.

 

Моддаи 14. Ризоят оид ба ҳатмӣ будани шартнома,
ки бо тасдиқ (ратификатсия), қабул ё тасдиқ ифода ёфтааст

 

1. Ризояти давлат оид ба ҳатмӣ будани шартнома барои он бо тасдиқ (ратификатсия) ифода меёбад, агар:

а) шартнома пешбинӣ намояд, ки чунин ризоят бо тасдиқ (ратификатсия) ифода  меёбад;

б) бо тарзи дигар муайян шудааст, ки давлатҳои дар музокирот иштироккунанда дар бораи зарурати тасдиқ (ратификатсия) ба тавофуқ расидаанд;

в) намояндаи давлат шартномаро бо шарти тасдиқ (ратификатсия) ба имзо расонида бошад; ё

г) нияти давлат ҷиҳати баимзорасонии шартнома таҳти шарти тасдиқ (ратификатсия) аз ваколатҳои намояндаи он бармеояд ё дар вақти музокирот ифода гардидааст.

2. Ризояти давлат оид ба ҳатмӣ будани шартнома барои он бо қабул ё тасдиқ дар асоси шартҳое, ки нисбат ба тасдиқ (ратификатсия) татбиқ мегарданд, ифода меёбад.

 

Моддаи 15. Ризоят оид ба ҳатмӣ будани шартнома,
 ки бо ҳамроҳшавӣ ифода гардидааст

 

Ризояти давлат оид ба ҳатмӣ будани шартнома барои он тариқи ҳамроҳшавӣ ифода меёбад, агар:

а) шартнома пешбинӣ намояд, ки чунин ризоят метавонад аз ҷониби ин давлат бо роҳи ҳамроҳшавӣ ифода ёбад;

б) бо тарзи дигар муайян шудааст, ки давлатҳои дар музокирот иштироккунанда ба тавофуқ омадаанд, ки чунин ризоят метавонад аз ҷониби ин давлат бо роҳи ҳамроҳшавӣ ифода ёбад; ё

в) ҳамаи иштирокчиён дар натиҷа ба тавофуқ расиданд, ки чунин ризоят аз ҷониби ин давлат бо роҳи ҳамроҳшавӣ ифода меёбад.

 

Моддаи 16. Мубодилаи варақаҳои тасдиқӣ ва ҳуҷҷатҳо дар бораи қабул, тасдиқ ё ҳамроҳшавӣ ё ба нигаҳдорӣ гузоштани чунин варақаҳо ва ҳуҷҷатҳо

 

Агар дар шартнома чизи дигар пешбинӣ нашуда бошад, варақаҳои тасдиқӣ, ҳуҷҷатҳо дар бораи қабул, тасдиқ ё ҳамроҳшавӣ маънои ризояти давлатро оид ба ҳатмӣ будани шартнома барои он дорад, аз лаҳзаи:

а) мубодилаи ҳуҷҷатҳои зикршуда миёни давлатҳои аҳдкунанда;

б) нигаҳдорӣ дар амонатдор (депозитарий);ё

в) огоҳкунии давлатҳои аҳдкунанда ё амонатдор дар бораи онҳо, агар онҳо чунин тавофуқ намуда бошанд.

 

Моддаи 17. Ризоят оид ба ҳатмӣ будани қисми шартнома

 ва интихоби меъёрҳои мухталиф

 

1. Бидуни расонидани зарар ба моддаҳои 19-23, ризояти давлат оид ба ҳатмӣ будани қисми шартнома барои он танҳо дар он сурат эътибор дорад, ки агар дар шартнома омада бошад ё бо ин давлатҳои дигари аҳдкунанда розӣ бошанд.

2. Ризояти давлат оид ба ҳатмӣ будани шартнома барои он, ки интихобро байни меъёрҳои мухталиф иҷозат медиҳад, танҳо дар он сурат эътибор дорад, агар баръало нишон дода шуда бошад, ки ризоят ба кадоме аз ин меъёрҳо тааллуқ дорад.

 

Моддаи 18. Уҳдадории маҳрум накардани шартнома аз объект

ва мақсад  то қувваи ҳуқуқӣ гирифтани он

 

Давлат уҳдадор аст, аз амалҳое, ки боиси маҳрум намудани шартнома аз объект ва мақсади он мегарданд, худдорӣ намояд, агар:

а) он шартномаро имзо намуда, ё бо ҳуҷҷатҳои онро ташкилдиҳанда мубодила намудааст, бо шарти тасдиқ (ратификатсия), қабул ё тасдиқ то мавриде ки он оид ба иштирокчии шартномаи мазкур набудани худ нияти аниқи худро ифода намояд; ё

б) он то қувваи ҳуқуқӣ пайдо кардани шартнома ва ба шарте ки чунин қувва пайдо намудан аз ҳад зиёд таъхир намешавад, ризоятро оид ба ҳатмӣ будани шартнома барои он иброз намояд.

 

Боби 2. Эзоҳот

 

Моддаи 19. Тасвиби эзоҳот

 

Давлат метавонад ҳангоми баимзорасонӣ, тасдиқ (ратификатсия) ё тасдиқи шартнома ё ҳамроҳшавӣ ба он эзоҳ  тасвиб намояд, ба истиснои он ҳолатҳое, ки:

а) эзоҳи мазкур аз ҷониби шартнома манъ шудааст;

б) шартнома пешбинӣ намояд, ки метавон танҳо эзоҳоти мушаххасро тасвиб кард, ки эзоҳи мазкур шомили онҳо нест; ё

в) дар ҳолатҳое ки таҳти амали зербандҳои “а” ва “б” қарор намегиранд, эзоҳ бо объект ва мақсади шартнома мутобиқат намекунад.

 

Моддаи 20. Қабули эзоҳот ва норизогӣ нисбат ба онҳо

 

1. Эзоҳе, ки қабули он аз ҷониби шартнома иҷозат дода шудааст, қабули минбаъдаро аз ҷониби давлатҳои аҳдкунанда талаб намекунад, агар шартнома чунин қабулро пешбинӣ накунад.

2. Агар аз шумораи маҳдуди давлатҳои дар музокирот иштироккунанда ва аз объект ва мақсадҳои шартнома маълум гардад, ки татбиқи шартнома дар маҷмӯъ миёни ҳамаи иштирокчиёни он дар бораи ризояти ҳар як иштирокчӣ оид ба ҳатмӣ будани шартнома барои он шарти муҳим ба ҳисоб равад, эзоҳ бояд аз ҷониби ҳамаи иштирокчиён қабул карда шавад.

3. Дар ҳолате ки шартнома санади таъсисдиҳандаи созмони байналмилалӣ бошад ва агар дар он дигар чиз пешбинӣ нагардида бошад, эзоҳ бояд аз ҷониби мақоми салоҳиятдори ин созмон қабул гардад.

4. Дар ҳолатҳое ки таҳти амали бандҳои қаблӣ қарор намегиранд ва агар шартнома дигар чизро пешбинӣ накарда бошад:

а) қабули эзоҳ аз ҷониби давлати дигари аҳдкунанда давлатеро, ки эзоҳро тасвиб кардааст, нисбат ба давлати эзоҳро қабулкарда иштирокчии шартнома месозад, агар шартнома эътибор дорад ё вақте ки он барои ин давлатҳо эътибор пайдо мекунад;

б) норизогии давлати дигари аҳдкунанда муқобили эзоҳ ба эътибор пайдо намудани шартнома миёни давлате, ки бар зидди эзоҳ норизогӣ мекунад ва давлате, ки эзоҳро тасвиб кардааст, монеа эҷод намекунад, агар давлати бо эзоҳ норизо  мушаххас аз нияти муқобил хабар надиҳад;

в) санаде, ки ризояти давлатро оид ба ҳатмӣ будани шартнома барои он иброз мекунад ва эзоҳ дар он дарҷ шудааст, ҳамоно эътибор пайдо мекунад, агар ҳадди ақал яке аз давлатҳои дигари аҳдкунанда ин эзоҳро қабул кунад.

5. Азбаски ин ба бандҳои 2 ва 4 дахл дорад ва агар шартнома чизи дигарро пешбинӣ накарда бошад, эзоҳ аз ҷониби давлат қабулшуда ҳисобида мешавад, агар он то охири давраи дувоздаҳмоҳа пас аз огоҳӣ ёфтан аз чунин эзоҳ ё то таърихи ибрози ризояти худ оид ба ҳатмӣ будани шартнома барои он, вобаста аз он ки кадоме аз ин санаҳо нисбатан дертар аст, бар зидди эзоҳ норизогӣ баён накунад.

 

Моддаи 21. Оқибатҳои ҳуқуқии эзоҳот

ва норизогӣ бар муқобили эзоҳот

 

1. Эзоҳи нисбат ба иштирокчии дигар тибқи моддаҳои 19, 20 ва 23 амалкунанда:

а) барои давлати эзоҳро ибрознамуда дар муносиботи вай бо иштирокчии дигари мазкур меъёрҳои шартномаро, ки ба онҳо эзоҳ тааллуқ дорад, дар доираи амали эзоҳ тағйир медиҳад; ва

б) меъёрҳои мазкурро барои ин иштирокчии дигар дар муносиботи вай бо давлати эзоҳро таҳиянамуда дар ҳамон андоза тағйир медиҳад.

2. Эзоҳ меъёрҳои шартномаро барои иштирокчиёни дигар дар муносибати байниҳамдигарии онҳо тағйир намедиҳад.

3. Агар давлате, ки бар зидди эзоҳ норизогӣ баён намудааст, алайҳи эътибор пайдо намудани шартнома миёни худ ва давлати эзоҳро таҳиянамуда баромад накунад, меъёрҳое, ки ба онҳо эзоҳ тааллуқ дорад, миёни ин ду давлат дар доираи амали чунин эзоҳ татбиқ намегарданд.

Моддаи 22. Бекор кардани эзоҳот ва норизогӣ бар муқобили  эзоҳот

1. Агар шартнома дигар чизро пешбинӣ накарда бошад, эзоҳ метавонад дар дилхоҳ вақт бекор карда шавад ва барои бекор намудани он ризояти давлатҳои эзоҳро қабулнамуда лозим нест.

2. Агар шартнома дигар чизро пешбинӣ накарда бошад, норизогӣ бар муқобили эзоҳ метавонад дар дилхоҳ вақт бекор карда шавад.

3. Агар шартнома дигар чизро пешбинӣ накарда бошад, ё ба тарзи дигар шарт гузошта нашуда бошад:

а) бекор кардани эзоҳ нисбат ба давлати аҳдкунандаи дигар танҳо баъди аз ҷониби давлати мазкур гирифтани огоҳнома дар ин хусус эътибор пайдо мекунад;

б) бекор кардани норизогӣ бар муқобили эзоҳ танҳо баъди аз ҷониби давлати эзоҳро таҳиянамуда гирифтани огоҳнома дар ин хусус эътибор пайдо мекунад.

 

Моддаи 23. Тартиби ба эзоҳот дахлдошта

 

1. Эзоҳ, ризояти баръало ифодаёфта бо эзоҳ ва норизогӣ бар зидди эзоҳ бояд дар шакли хаттӣ бошанд ва ба самъи давлатҳои аҳдкунанда ва дигар давлатҳое, ки ҳуқуқи иштирокчии шартнома шуданро доранд, расонида шаванд.

2. Агар эзоҳ ҳангоми ба тасвиб расонидани шартнома, ки тасдиқ (ратификатсия), қабул ва тасдиқро тақозо мекунад, иброз шуда бошад, он бояд аз ҷониби давлати эзоҳро таҳиянамуда ҳангоми ибрози ризоят оид ба ҳатмӣ будани шартнома барои он расман тасдиқ карда шавад. Дар ин ҳолат эзоҳ дар рӯзи тасдиқ намудани он иброзшуда ҳисобида мешавад.

3. Ризояти мушаххас иброзшуда бо эзоҳ ё норизогӣ бар муқобили эзоҳ, ки то тасдиқи он гуфта шудаанд, худ ба худ тасдиқро талаб намекунад.

4. Бекор кардани эзоҳ ё норизогӣ бар муқобили эзоҳ бояд дар шакли хаттӣ амалӣ шавад.

 

Боби 3: Қувваи қонунӣ пайдо намудани шартномаҳо
 ва татбиқи муваққатии онҳо

 

Моддаи 24. Қувваи қонунӣ пайдо намудан

 

1. Шартнома бо тартиб ва дар таърихе, ки дар худи шартнома пешбинӣ шудааст ё миёни давлатҳои иштирокчии музокирот мувофиқа шудааст, қувваи қонунӣ пайдо менамояд.

2. Дар ҳолати набудани чунин меъёр ё тавофуқ шартнома пас аз изҳори ризояти ҳамаи давлатҳои иштирокчии музокирот оид ба ҳатмӣ будани шартнома барои онҳо қувваи қонунӣ пайдо менамояд.

3. Агар ризояти давлат оид ба ҳатмӣ будани шартнома барои он дар ягон таърихи пас аз қувваи қонунӣ пайдо намудани шартнома изҳор гардад, шартнома барои ин давлат дар ҳамин таърих қувваи қонунӣ пайдо менамояд, агар шартнома ҳолатҳои дигарро пешбинӣ накарда бошад.

4. Меъёрҳои шартнома, ки муайян намудани саҳеҳияти матни он, изҳори ризояти давлатҳо оид ба ҳатмӣ будани шартнома барои онҳо, тартиб ё таърихи эътибор пайдо намудани шартнома, эзоҳот, вазифаҳои амонатдор ва дигар масъалаҳои то эътибор пайдо намудани шартнома ҳатман бавуҷудояндаро танзим мекунанд, аз лаҳзаи қабули матни шартнома мавриди татбиқ қарор мегиранд.

 

Моддаи 25. Татбиқи муваққатӣ

 

1. Шартнома ё қисми шартнома то эътибор пайдо намудани шартнома муваққатан мавриди татбиқ қарор мегирад, агар:

а) худи шартнома инро пешбинӣ карда бошад; ё

б) давлатҳои иштирокчии музокирот дар ин бора ба ягон тарзи дигар ба тавофуқ расида бошанд.

2. Агар шартнома чизи дигарро пешбинӣ накарда бошад ё давлатҳои иштирокчии музокирот дар бораи чизи дигар ба тавофуқ наомада бошанд, татбиқи муваққатии шартнома ё қисми шартнома нисбат ба давлат қатъ мегардад, агар ин давлат давлатҳои дигарро, ки миёни онҳо шартнома муваққатан татбиқ мегардад, дар хусуси нияти худ оид ба иштирокчии шартнома нашуданаш огоҳ намояд.

 

Қисми III. РИОЯ, ТАТБИҚ ВА ТАФСИРИ ШАРТНОМАҲО

 

Боби 1: РИОЯИ ШАРТНОМАҲО

 

Моддаи 26. Pacta sunt servanda

 

Ҳар як шартномаи амалкунанда барои иштирокчиёни он ҳатмист ва бояд софдилона аз тарафи онҳо иҷро шавад.

 

Моддаи 27. Ҳуқуқи дохилӣ ва риояи шартномаҳо

 

Иштирокчӣ барои иҷро накардани шартнома наметавонад ба сифати ҳақ баровардани худ ба меъёрҳои ҳуқуқи дохилии хеш такя кунад. Ин қоида бидуни расонидани зарар ба моддаи 46 амал мекунад.

 

Боби 2: ТАТБИҚИ ШАРТНОМАҲО

 

Моддаи 28. Шартномаҳо қувваи бозгашт надоранд

 

Агар нияти дигар аз шартнома барнаояд ё ба таври дигар муайян нашуда бошад, меъёрҳои шартнома барои иштирокчии шартнома нисбати дилхоҳ амал ё далел, ки барои иштирокдор мазкур то таърихи эътибор пайдо намудани шартнома ҷой дошт ё нисбат ба дилхоҳ ҳолате, ки то ин таърих қатъ гашт, ҳатмӣ нест.

 

Моддаи 29. Миқёси ҳудудии амали шартномаҳо

 

Агар нияти дигар аз шартнома барнаояд ё ба таври дигар муайян нашуда бошад, шартнома барои ҳар як иштирокчӣ нисбат ба тамоми ҳудуди он ҳатмӣ мебошад.

 

Моддаи 30. Татбиқи шартномаҳои пайиҳам басташудаи
 мутааллиқ ба ҳамон як масъалаи ҷойдошта

 

1. Бо риояи моддаи 103-и Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид ҳуқуқ ва уҳдадории давлатҳои иштирокчии шартномаҳои пайиҳам басташудаи муталлиқ ба ҳамон масъалаҳои ҷойдошта мутобиқи бандҳои зерин муайян мешаванд.

2. Агар дар шартнома муайян гардида бошад, ки он ба шартномаи қаблӣ ё баъдӣ асос меёбад, ё он бо чунин шартнома набояд мутобиқат кунад, қувваи бартариро меъёрҳои шартномаи дигари зикрёфта доро мебошад.

3. Агар ҳамаи иштирокчиёни шартномаи қаблӣ ҳамчунин иштирокчии шартномаи баъдӣ ба ҳисоб раванд, аммо амали шартномаи қаблӣ хотима наёфта бошад ё тибқи моддаи 59 боз дошта нашуда бошад, шартномаи қаблӣ танҳо то андозае, ки меъёрҳои он бо меъёрҳои шартномаи баъдӣ мутобиқат кунад, амалӣ мегардад.

4. Агар на ҳама ишитрокчиёни шартномаи баъдӣ иштирокчии шартномаи қаблӣ бошанд:

а) дар муносибот миёни иштирокчии ҳар ду шартнома ҳамон қоидае, ки нисбати банди 3 татбиқ мегардад, амалӣ мешавад;

б) дар муносибот миёни давлатҳои иштирокчии ҳар ду шартнома ва давлати иштирокчии танҳо як шартнома шартномае, ки иштирокчии он ҳар ду давлат маҳсуб мешаванд, ҳуқуқу уҳдадориҳои мутақобилаи онҳоро танзим мекунад.

5.  Банди 4 бидуни расонидани зарар ба моддаи 41 барои дилхоҳ масъалаи қатъ ё боздории амали шартнома мутобиқи моддаи 60 ё барои дилхоҳ масъала дар бораи масъулияти давлат, ки дар натиҷаи бастани шартнома ё татбиқи он ба даст меояд ва меъёрҳояш бо уҳдадориҳои ин давлат нисбати давлати дигар оид ба шартномаи ғайр мутобиқат намекунад, амалӣ мешавад.

 

Боби 3: ТАФСИРИ ШАРТНОМАҲО

 

Моддаи 31. Қоидаи умумии тафсир

 

1. Шартнома бояд боинсофона мутобиқи маънои маъмулӣ, ки бояд ба истилоҳҳои шартнома дар радифи матни онҳо дода шавад, инчунин бо назардошти объект ва мақсадҳои шартнома тафсир шавад.

2. Барои мақсадҳои тафсири шартнома матни асосӣ ғайр аз матн, сарсухан ва замимаҳоро дарбар мегирад:

а) дилхоҳ созишномаи мутааллиқ ба шартнома, ки миёни ҳамаи иштирокчиён бинобар бастани шартнома ба даст омадааст;

б) дилхоҳ ҳуҷҷат, ки аз тарафи як ё якчанд иштирокчӣ бинобар бастани шартнома тартиб дода шудааст ва аз ҷониби иштирокчиёни дигар ба сифати ҳуҷҷати мутааллиқ ба шартнома қабул шудааст.

3. Дар баробари матни асосӣ ба инобат гирифта мешавад:

а) дилхоҳ шартномаи баъдӣ миёни иштирокчиён нисбати тафсири шартнома ва татбиқи меъёрҳои он;

б) таҷрибаи баъдии татбиқи шартнома, ки созиши иштирокчиёнро нисбати тафсири он муайян месозад;

в) дилхоҳ меъёрҳои дахлдори ҳуқуқи байналмилалӣ, ки нисбати иштирокчиён татбиқ мегарданд.

4.  Ба истилоҳ дар он ҳолат диққати махсус дода мешавад, агар муайян шуда бошад, ки иштирокчиён чунин ният доштанд.

 

Моддаи 32. Воситаҳои иловагии тафсир

 

Муроҷиат ба воситаҳои иловагии тафсир, аз ҷумла ба маводди тайёрӣ ва ба ҳолатҳои бастани шартнома ба мақсади тасдиқи маъно, ки аз татбиқи моддаи 31 бармеояд, ё муайян намудани маъно, вақте тафсир мутобиқи моддаи 31 аст, имконпазир аст:

а) маъноро духура ё нофаҳмо мегузорад; ё

б) ба натиҷаҳое, ки баръало номаъқул ё бемаънианд, оварда мерасонад.

 

Моддаи 33. Тафсири шартномаҳо, ки саҳеҳияти
 матни онҳо бо ду ё якчанд забон муайян шудааст.

 

1. Агар саҳеҳияти матни шартнома бо ду ё якчанд забон муайян шуда бошад, матни он ба ҳар забон қувваи якхеларо доро мебошад, агар шартнома пешбинӣ накарда бошад, ё иштирокчиён ба тавофуқ нарасидаанд, ки дар ҳолати ихтилоф миёни ин матнҳо қувваи бартарро яке аз матнҳои мушаххас хоҳад дошт.

2. Навъи шартнома ба забони дигар нисбат ба забонҳое, ки ба онҳо саҳеҳияти матн асос ёфтааст, танҳо дар он ҳолат саҳеҳ ҳисобида мешавад, агар онро шартнома пешбинӣ намояд, ё агар дар ин бора иштирокчиёни шартнома ба тавофуқ расида бошанд.

3. Дар назар дошта шудааст, ки истилоҳоти шартнома дар ҳар як матни саҳеҳ маънои якхеларо доранд.

4. Ба истиснои он ҳолат, вақте мутобиқи банди 1 қувваи бартарро кадом як матни мушаххас доро аст, агар муқоисаи матнҳои саҳеҳ ихтилофи маъноҳоро нишон диҳад, ки бо татбиқи моддаҳои 31 ва 32 бартараф намешаванд, маъное қабул карда мешавад, ки бо назардошти объект ва мақсадҳои шартнома аз ҳама бештар ин матнҳоро ба мувофиқа мерасонад.

 

Боби 4: ШАРТНОМАҲО ВА ДАВЛАТҲОИ СЕЮМ

 

Моддаи 34. Қоидаи умумии марбут ба давлатҳои сеюм

 

Шартнома уҳдадориҳо ё ҳуқуқҳоро барои давлати сеюм бидуни ризояти он ба вуҷуд намеорад.

 

Моддаи 35. Шартномаҳое, ки уҳдадориҳоро
барои давлатҳои сеюм пешбинӣ менамоянд

 

Уҳдадорӣ барои давлати сеюм аз меъёри шартнома бармеояд, агар иштирокчиёни ин шартнома ният доранд, ин меъёрро ба воситаи ба вуҷуд овардани уҳдадорӣ табдил диҳанд ва агар давлати сеюм баръало дар шакли хаттӣ ин уҳдадориро ба худ гирад.

 

Моддаи 36. Шартномаҳое, ки ҳуқуқҳоро барои
 давлатҳои сеюм пешбинӣ менамоянд

 

1. Ҳуқуқ барои давлати сеюм аз меъёрҳои шартнома бармеояд, агар иштирокчиёни ин шартнома ният доранд, ки тавассути ин меъёр чунин ҳуқуқро ё ба давлати сеюм диҳанд, ё ба гурӯҳи давлатҳое, ки ба он мутааллиқ аст, ё ба ҳамаи давлатҳо ва агар давлати сеюм бо ин розӣ шавад. Ризояти он то дами набудани далелҳои муқобил дар назар дошта мешавад, агар шартнома чизи дигарро пешбинӣ накунад.

2. Давлате, ки дар асоси банди 1 аз ҳуқуқ истифода мебарад, шартҳои истифодаи ин ҳуқуқро, ки дар шартнома пешбинӣ шудааст, ё тибқи шартнома муайян шудааст, иҷро менамояд.

 

Моддаи 37. Бекоркунӣ ё тағйири уҳдадориҳо
ва ҳуқуқҳои давлатҳои сеюм

 

1. Агар барои давлати сеюм мутобиқи моддаи 35 уҳдадорӣ пайдо шавад, ин уҳдадорӣ метавонад танҳо бо розигии иштирокчиёни шартнома ва давлати сеюм бекор карда ё тағйир дода шавад, агар фақат муайян нашуда бошад, ки онҳо дар бораи дигар чиз ба тавофуқ расидаанд.

2. Агар барои давлати сеюм мутобиқи моддаи 36 ҳуқуқ пайдо шавад, ин ҳуқуқ наметавонад аз ҷониби иштирокчиён бекор ё иваз карда шавад, агар муайян шуда бошад, ки мутобиқи нияти мавҷуда ин ҳуқуқ бе ризояти ин давлати сеюм бекоркунӣ ё тағйиротро тақозо накарда бошад.

 

Моддаи 38. Меъёрҳое, ки дар шартнома мавҷуданд ва барои давлатҳои сеюм дар натиҷаи пайдоиши одати байналмилалӣ ҳатмӣ мегарданд

 

Моддаҳои 34-37 ба ҳеҷ ваҷҳ ба кадом меъёри дар шартнома мавҷудбуда ҷиҳати ҳатмӣ шудани онҳо барои давлати сеюм ба сифати меъёри одии ҳуқуқи байналмилалии то як андоза шинохташуда монеа эҷод намекунад.

 

Қисми IV. ИСЛОҲОТ БА ШАРТНОМА
ВА ТАҒЙИР ДОДАНИ ШАРТНОМАҲО

 

Моддаи 39. Қоидаҳои умумии марбути ислоҳот ба шартномаҳо

Шартнома метавонад аз руйи созиш миёни иштирокчиён тағйир дода шавад. Меъёрҳои дар қисми II дарҷгардида нисбати чунин созишнома татбиқ мегарданд, танҳо агар шартнома чизи дигарро пешбинӣ накарда бошад.

 

Моддаи 40. Ворид намудани ислоҳот ба шартномаҳои бисёрҷониба

 

1. Агар шартнома чизи дигарро пешбинӣ накарда бошад, ҳангоми ворид намудани ислоҳот ба шартномаи бисёрҷониба мебояд аз рӯйи бандҳои зерин амал намуд.

2. Ҳама давлатҳои аҳдкунанда бояд дар хусуси дилхоҳ пешниҳоди марбути ислоҳот ба шартномаи бисёрҷониба, ки бояд дар муносибот миёни ҳамаи иштирокчиён амал кунанд, огаҳӣ дошта бошанд, чун ҳар кадоме аз давлатҳои аҳдкунанда ҳуқуқ доранд иштирок намоянд, дар:

а) қабули қарор оид ба чӣ кор кардан нисбати чунин пешниҳод;

б) музокирот ва бастани дилхоҳ шартнома дар бораи ворид намудани ислоҳот ба шартнома.

3. Ҳар як давлат, ки ҳуқуқи иштирокчии шартнома шуданро дорад, ҳамчунин ҳуқуқ дорад, иштирокчии шартномае, ки ба он ислоҳот ворид карда шудааст, бошад.

4. Созишнома дар бораи ворид намудани ислоҳот давлатеро, ки аллакай иштирокчии шартнома аст, аммо ҳоло иштирокчии созишнома дар бораи ислоҳот ба шартнома намебошад, намепайвандад; нисбати чунин давлат банди 4 “б”-и моддаи 30 татбиқ мегардад.

5. Давлате, ки баъд аз эътибор пайдо намудани созишнома дар бораи ворид намудани ислоҳот иштирокчии шартнома шуд, агар танҳо он дар бораи нияти дигар иброз нанамояд:

а) иштирокчии шартнома, ки ба он ислоҳот ворид шудааст, маҳсуб меёбад; ва

б) иштирокчии шартнома, ки ба он ислоҳот ворид нашудааст, нисбати дилхоҳ иштирокчии шартнома, ки бо созишнома дар бораи ворид намудани ислоҳот ба шартнома рабт надорад, маҳсуб меёбад.

 

Моддаи 41. Созишнома дар бораи тағйири шартномаҳои бисёрҷониба танҳо дар муносиботи байниҳамдигарӣ миёни иштирокчиёни муайян

 

1. Ду ё якчанд иштирокчии шартномаи бисёрҷониба метавонанд созишномаро дар бораи тағйири шартнома танҳо дар муносиботи байниҳамдигарии худ банданд, агар:

а) имконияти чунин тағйирот дар худи шартнома пешбинӣ шуда бошад;ё

б) чунин тағйирот аз ҷониби шартнома манъ нагардида бошад ва:

i) ба истифода аз ҳуқуқҳои иштирокчиёни дигар аз рӯйи шартнома ё ба иҷрои уҳдадориҳои онҳо таъсир намерасонад; ва

ii) меъёреро, ки саркашӣ аз он бо роҳандозии самараноки объект ва мақсадҳои шартнома дар маҷмӯъ мутобиқ нест, дарбар намегирад.

2. Агар дар ҳолате, ки таҳти амали банди 1 “а” қарор мегирад, шартнома дигар чизро пешбинӣ накарда бошад, иштирокчиёни номбурда иштирокчиёни дигарро аз нияти худ оид ба бастани созишнома ва ҳамон тағйироти шартнома, ки тибқи ин созишнома дар назар аст, огоҳ мекунанд.

 

Қисми V. НОДУРУСТӢ, ҚАТЪ ВА БОЗДОРИИ АМАЛИ ШАРТНОМАҲО

 

Боби 1. Меъёрҳои умумӣ

 

Моддаи 42. Дурустӣ ва нигаҳдории эътибори шартномаҳо

 

1. Дурустии шартнома ё ризояти давлат оид ба ҳатмӣ будани шартнома барои он метавонад танҳо дар асоси татбиқи Конвенсияи мазкур ба мубоҳиса кашида шавад.

2. Қатъи шартнома, бекоркунӣ (денонсатсия)-и он ё баромадани иштирокчӣ аз он метавонанд танҳо дар натиҷаи татбиқи меъёрҳои худи шартнома ё Конвенсияи мазкур сурат гиранд. Ҳамин қоида нисбати боздории амали шартнома низ татбиқ мегардад.

 

Моддаи 43. Уҳдадориҳое, ки дар заминаи ҳуқуқи байналмилалӣ, новобаста аз шартнома, эътибор доранд

 

Нодурустӣ, қатъ ё бекоркунӣ (денонсатсия)-и шартнома, баромадани яке аз иштирокчиён аз он ё боздории амали он, агар онҳо натиҷаи татбиқи Конвенсияи мазкур ё меъёрҳои худи шартнома бошанд, ба ҳеҷ ваҷҳ вазифаи давлатро ҷиҳати иҷрои дилхоҳ уҳдадории дар шартнома навишташуда, ки барои он мутобиқи ҳуқуқи байналмилалӣ, новобаста аз шартнома, эътибор дорад, таъсир намерасонанд.

 

Моддаи 44. Тақсимшавии меъёрҳои шартномавӣ

 

1. Ҳуқуқи бекоркунӣ (денонсатсия)-и шартнома аз тарафи иштирокчӣ, баромадан аз он ё боздории амали он, ки дар шартнома пешбинӣ шудааст, ё аз моддаи 56 бармеояд, метавонад танҳо нисбати ҳамаи шартнома истифода шавад, агар шартнома чизи дигарро пешбинӣ накарда бошад, ё иштирокчиёни он дар бораи чизи дигар ба тавофуқ нарасида бошанд.

2. Ба асоси нодурустии шартнома, ки дар Конвенсияи мазкур шинохта шудааст, қатъи шартнома, баромадан аз он ё боздории амали он мумкин аст танҳо нисбати ҳамаи шартнома дар ҳама ҳолатҳо, ба истиснои ҳолатҳои дар бандҳои баъдӣ ё моддаи 60 пешбинишуда, такя намуд.

3. Агар чунин асос фақат ба меъёрҳои алоҳида дахл дорад, ба он мумкин аст танҳо дар мавриди он меъёрҳо такя кард, вақте ки:

а) меъёрҳои мазкур аз қисми боқимондаи шартнома дар мавриди татбиқи онҳо ҷудонопазиранд;

б) аз шартнома бармеояд ё ба тарзи дигар муайян гардидааст, ки қабули ин меъёрҳо асоси муҳими ризояти иштирокчии дигар ё иштирокчиёни дигарро оид ба ҳатмӣ будани ҳамаи шартнома дар маҷмӯъ ташкил надода бошад; ва

в) идомаи иҷрои қисми боқимондаи шартнома аз рӯйи адолат намебуд.

4. Дар ҳолатҳое, ки таҳти амали моддаи 49 ва 50 қарор мегиранд, давлате, ки ҳуқуқи ба фиреб ё ришвадиҳӣ такя карданро дорад, метавонад инро ё нисбати ҳамаи шартнома, ё нисбати фақат меъёрҳои алоҳидаи он, ки дар ҳолатҳои банди 3 пешбинӣ шудаанд, амалӣ созад.

5. Дар ҳолатҳое ки таҳти амали моддаҳои 51, 52 ва 53 қарор мегиранд, тақсимшавии меъёрҳои шартнома иҷозат дода намешавад.

 

Моддаи 45. Аз даст додани ҳуқуқи такя намудан ба заминаи беэътиборӣ ё қатъи шартнома, баромадан аз он ё боздории амали он

 

Давлат дигар ҳуқуқи ба заминаи беэътиборӣ ё қатъи шартнома, баромадан аз он ё боздории амали он такя карданро дар асоси моддаҳои 46-50 ё моддаҳои 60 ва 62 надорад, агар баъд аз огаҳӣ ёфтани он дар бораи далелҳои:

а) он (давлат) мушаххас ризоят додааст, ки шартнома вобаста ба ҳолат воқеӣ аст, эътиборро нигаҳ медорад ё дар амал боқӣ мемонад; ё

б) он (давлат) бояд бинобар рафтори он (шартнома) хомӯшона бо он ки шартнома вобаста ба ҳолат эътибор дорад, эътиборро нигаҳ медорад ё  дар амал боқӣ мемонад, розӣ ҳисобида мешавад.

 

Боби 2. Беэътибории шартномаҳо

 

Моддаи 46. Меъёрҳои ҳуқуқи дохилии марбут ба салоҳияти бастани шартномаҳо

 

1. Давлат ҳақ надорад ба ҳолате ки ризояти он оид ба ҳатмӣ будани шартнома барои он бар хилофи ин ё он меъёри ҳуқуқи дохилии он, ки марбут ба салоҳияти бастани шартномаҳо, ҳамчун ба асоси беэътибории ризояти он ифода ёфтааст, такя намояд, агар танҳо риоя накардани мазкур баръало набуд ва ба меъёрҳои бахусус муҳими ҳуқуқи дохилии он тааллуқ надошт.

2. Риоя накардан баръало аст, агар он ба таври объективӣ барои дилхоҳ давлат, ки дар ин робита боинсофона ва мутобиқи таҷрибаи маъмулӣ амал менамояд, возеҳ аст.

 

Моддаи 47. Маҳдудияти махсуси соҳибҳуқуқӣ
 нисбат ба ибрози ризояти давлат

 

Агар соҳибҳуқуқии намоянда нисбат ба ибрози ризояти давлат оид ба ҳатмӣ будани шартномаи аниқ барои он бо маҳдудияти махсус асоснок шуда бошад, нисбат ба риоя нагаштани чунин маҳдудият аз тарафи намоянда ҳамчун асоси беэътибории ризояти аз ҷониби он иброзшуда такя намудан мумкин нест, агар танҳо давлатҳои дигари дар музокирот ширкаткунанда дар бораи маҳдудият то ибрози чунин ризоят аз ҷониби намоянда огаҳӣ пайдо намуданд.

 

Моддаи 48. Саҳв

 

1. Давлат ҳақ дорад ба саҳв дар шартнома ҳамчун ба  асоси беэътибории ризоят оид ба ҳатмӣ будани ин шартнома барои он такя намояд, агар саҳв ба далел ва вазъияте, ки ба тахмини ин давлат ҳангоми бастани шартнома вуҷуд дошт ва асоси муҳимро барои ризояти он оид ба ҳатмӣ будани ин шартнома барои он ташкил диҳад, рабт дошта бошад.

1. Банди 1 татбиқ намешавад, агар давлати номбурда бо рафтори худ сабабгори пайдо шудани ин саҳв гардида бошад ё ҳолатҳое буданд, ки ин давлат бояд ба саҳви эҳтимолӣ таваҷҷуҳ зоҳир менамуд.

2. Саҳве, ки танҳо ба тасвиби матни шартнома мутааллиқ аст, ба боэътибор будани он таъсир намерасонад; дар ин ҳолат моддаи 79 татбиқ мешавад.

 

Моддаи 49. Фиреб

 

Агар давлат шартномаро зери таъсири амалҳои фиребомези давлати дигари дар музокирот ширкаткунана баста бошад, он ҳақ дорад ба амали фиреб ҳамчун ба асоси беэътибории ризояти худ оид ба ҳатмӣ будани шартнома барои он такя намояд.

 

Моддаи 50. Бо ришва ба худ моил намудани намояндаи давлат

 

Агар ризояти давлат оид ба ҳатмӣ будани шартнома барои он дар натиҷаи бавосита ё бевосита бо ришва ба худ моил намудани намояндаи давлат аз ҷониби давлати дигари дар музокирот ширкаткунанда ифода ёфтааст, давлати якум ҳақ дорад, ба чунин амал (ришвадиҳӣ) ҳамчун ба асоси беэътибории ризояти он оид ба ҳатмӣ будани чунин шартнома барои он такя намояд.

 

Моддаи 51. Маҷбурсозии намояндаи давлат

 

Ризояти давлат оид ба ҳатмӣ будани шартнома барои он, ки дар натиҷаи маҷбурсозии намояндаи он бо амалҳо ё таҳдидҳо, ки бар зидди он равона шудааст, ягон аҳамияти ҳуқуқӣ надорад.

 

Моддаи 52. Маҷбурсозии давлат тавассути таҳдид
 бо қувва ё истифодаи он

 

Шартнома беаҳамият ҳисобида мешавад, агар баста шудани он натиҷаи таҳдид бо қувва ё истифодаи он бар хилофи принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, ки дар Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид дарҷ гардидаанд, бошад.

 

Моддаи 53. Шартномаҳои мухолиф ба меъёри қатъии (императивии) ҳуқуқи байналмилалии умумӣ (jus cogens)

 

Шартнома беаҳамият ҳисобида мешавад, агар дар лаҳзаи бастан он ба меъёри қатъии (имеративии) ҳуқуқи байналмилалии умумӣ мухолиф аст. Аз сабаби он ки ин ба Конвенсияи мазкур марбут аст, меъёри қатъии (имеративии) ҳуқуқи байналмилалии умумӣ меъёре маҳсуб меёбад, ки аз ҷониби ҷомеаи байналмилалии давлатҳо дар маҷмӯъ ҳамчун меъёре, ки саркашӣ аз он иҷозат дода намешавад ва метавонад танҳо бо меъёри ҳуқуқи байналмилалии минбаъдаи дорои чунин хусусият тағйир дода шавад, қабул ва ҷонибдорӣ карда мешавад.

 

Боби 3. Қатъи шартномаҳо ва

боздории амали онҳо

 

Моддаи 54. Қатъи шартнома ё баромадани иштирокчӣ аз он тибқи меъёрҳои шартнома ё бо ризояти иштирокчиён

 

Қатъи шартнома метавонад ҷой дошта бошад:

а) тибқи меъёрҳои шартнома; ё

б) дар ҳар гуна вақт бо ризояти ҳамаи иштирокчиён бо машвара бо дигар давлатҳои аҳдкунанда.

 

Моддаи 55. Ихтисори теъдоди иштирокчиёни шартномаи бисёрҷониба, ки дар натиҷа он аз шуморае, ки барои эътибор пайдо намудани шартнома зарур аст, кам мешавад

 

Агар шартнома чизи дигарро пешбинӣ накарда бошад, шартномаи бисёрҷониба танҳо бо сабаби кам шудани теъдоди иштирокчиёни он аз шуморае, ки барои эътибор пайдо кардани шартнома лозим аст, қатъ намегардад.

 

Моддаи 56. Бекоркунӣ (денонсатсия)-и шартнома
ё баромадан аз шартномае, ки меъёрҳоро дар бораи қатъ,
бекоркунӣ ё баромадан аз онро дарбар намегирад

 

1. Шартномае, ки меъёрҳоро дар бораи қатъи он дарбар намегирад ва бекоркунӣ (денонсатсия) ё баромадан аз онро пешбинӣ намекунад, бекоркунӣ (денонсатясия)-ро тақозо намекунад ва баромадан аз он иҷозат дода намешавад, агар танҳо:

а) муайян нагардидааст, ки иштирокчиён ният доштанд, бекоркунӣ  (денонсатсия) ё баромаданро иҷозат диҳанд; ё

б) хусусияти шартнома ҳуқуқи бекоркунӣ (денонсатсия) ё баромаданро дар назар надорад.

2. Иштирокчӣ на дертар аз 12 моҳ дар бораи нияти худ оид ба бекоркунии (денонсатсияи) шартнома ё баромадан аз он мутобиқи банди 1 хабар медиҳад.

 

Моддаи 57. Боздории амали шартнома
тибқи меъёрҳои шартнома ё бо ризояти иштирокчиён

 

Боздории амали шартнома нисбат ба ҳамаи иштирокчиён ё нисбат ба иштирокчии алоҳида имкон дорад:

а) мутобиқ бо меъёрҳои шартнома; ё

б) дар дилхоҳ вақт бо ризояти ҳамаи иштирокчиён бо машвара бо дигар давлатҳои аҳдкунанда.

 

Моддаи 58. Боздории амали шартномаи бисёрҷониба
 тибқи созишнома танҳо миёни баъзе аз иштирокчиён

 

1. Ду ё якчанд иштирокчии шартномаи бисёрҷониба метавонанд созишномаро дар бораи боздории амали меъёрҳои шартнома танҳо дар муносиботи байниҳамдигарии худ банданд, агар:

а) имконияти чунин боздориро шартнома пешбинӣ карда бошад; ё

б) боздории мазкур аз ҷониби шартнома манъ карда нашудааст ва:

в) ба истифодаи иштирокчии дигар аз ҳуқуқҳои худ, ки аз шартномаи мазкур бармеояд, инчунин ба иҷрои уҳдадориҳои онҳо таъсир намерасонад;

г) бо объект ва мақсадҳои шартнома мутобиқат мекунад.

2. Агар дар ҳолате, ки таҳти амали банди 1 “а” қарор мегирад, шартнома чизи дигарро пешбинӣ накарда бошад, иштирокчии номбурда иштирокчии дигарро дар бораи нияти худ оид ба бастани созишнома ва дар бораи меъёрҳои шартнома, ки нияти боздории амали онҳоро доранд, хабар медиҳанд.

 

Моддаи 59. Қатъи шартнома ё боздории амали он,
 ки аз бастани шартномаи баъдӣ бармеояд

 

1. Шартнома қатъшуда ҳисобида мешавад,  агар ҳама иштирокчиёни он шартномаи баъдиро оид ба ҳамон масъала банданд ва:

а) аз шартномаи баъдӣ бармеояд ё ба тарзи дигар нияти иштирокчиён муайян гардидааст, то масъалаи мазкурро ин шартнома танзим намояд; ё

б) меъёрҳои шартномаи баъдӣ то ҳамон андоза бо меъёрҳои шартномаи қаблӣ мутобиқат намекунад, ки ҳар ду шартномаро дар як вақт татбиқ намудан номумкин аст.

2. Амали шартномаи қаблӣ танҳо боздоштшуда ҳисобида мешавад, агар аз шартномаи баъдӣ бармеояд ё ба тарзи дигар муайян гардидааст, ки нияти иштирокчиён чунин буд.

 

Моддаи 60. Қатъи шартнома ё боздории амали он
 дар натиҷаи риоя накардани он

 

1. Қатъиян риоя накардани шартномаи дуҷониба аз тарафи яке аз иштирокчиёни он ба иштирокчии дигар ҳуқуқ медиҳад, то ба ин риоя накардан ҳамчун ба асоси қатъи шартнома ё боздории амали он ба пуррагӣ ё қисман муносибат намояд.

2. Қатъиян риоя накардани шартномаи бисёрҷониба аз тарафи яке аз иштирокчиёни он ҳуқуқ медиҳад:

а) ба дигар иштирокчиён – тибқи созишномае, ки бо иттифоқи оро қабул гардидааст – амали шартномаро ба пуррагӣ ё қисман боз дорад ё қатъ намояд ё:

б) дар муносиботи байни худ ва давлате, ки шартномаро риоя накардааст, ё

в) дар муносибот миёни ҳамаи иштирокчиён;

г) ба иштирокчие, ки дар натиҷаи риоя накардан зиёни ҷиддӣ дидааст, ба ин амал ҳамчун ба асоси боздории амали шартнома ба пуррагӣ ё қисман дар муносибот миёни он ва давлате, ки шартномаро риоя накардааст, такя намояд;

ғ) ба ҳаргуна иштирокчии дигар, ғайр аз давлати вайронкунандаи шартнома, ба ин вайронкунӣ ҳамчун ба асоси боздории амали шартнома ба пуррагӣ ё қисман нисбати худ такя намояд, агар шартнома дорои чунин хусусият бошад, ки қатъиян риоя накардани меъёрҳои он аз тарафи иштирокчӣ ба таври куллӣ мавқеи ҳар як иштирокчиро нисбат ба иҷрои минбаъдаи уҳдадориҳои худ аз ҷониби он, ки аз шартнома бармеояд, иваз кунад.

3. Қатъиян риоя накардани шартнома – барои мақсадҳои моддаи мазкур – иборат аст аз:

а) дар он гуна дасткашӣ аз шартнома, ки аз ҷониби Конвенсияи мазкур иҷозат дода нашудааст; ё

б) дар риоя накардани меъёре, ки барои роҳандозии объект ва мақсадҳои он аҳамияти муҳим дорад.

4. Бандҳои қаблӣ меъёрҳои шартномаро, ки дар ҳолати вайрон накардани он татбиқ мегарданд, дарбар намегиранд.

5. Бандҳои 1, 2 ва 3 нисбати меъёрҳои марбут ба ҳимояи шахсияти инсонӣ, ки дар шартномаҳои дорои хусусияти инсондӯстона дарҷ гардидаанд ва бахусус меъёрҳое, ки ҳар гуна намуди ҷазоро нисбат ба ашхосе, ки тибқи чунин шартномаҳо аз ҳифозат бархурдоранд, татбиқ намегарданд.

 

Моддаи 61. Имконнопазирии баъдии иҷро

 

1. Иштирокчӣ ҳақ дорад ба ғайриимкон будани иҷрои шартнома ҳамчун ба асоси қатъи шартнома ё баромадан аз он такя намояд, агар ин имконнопазирӣ натиҷаи бебозгашт ғайб задан ё аз байн бурдани объекти барои иҷрои шартнома зарурӣ бошад. Агар чунин имконнопазирӣ муваққатӣ бошад, ба он метавон ҳамчун ба асос танҳо барои боздории амали шартнома такя намуд.

2. Иштирокчӣ ҳақ надорад ба имконнопазирии иҷро ҳамчун ба асоси қатъи шартнома, баромадан аз он ё боздории амали он такя намояд, агар ин имконнопазирӣ натиҷаи вайрон намудани уҳдадориҳо тибқи шартнома ва ё уҳдадориҳои дигари байналмилалӣ, ки он нисбат ба дилхоҳ иштирокчии дигари шартнома бар дӯш гирифтааст, аз ҷониби ин иштирокчӣ бошад.

 

Моддаи 62. Тағйирёбии куллии ҳолатҳо

 

1. Ба тағйирёбии куллӣ, ки нисбат ба ҳолатҳои ҳангоми бастани шартнома мавҷуда ва аз тарафи иштирокчиён пешбинӣ нашуда ҳамчун ба асоси қатъи шартнома ё баромадан аз он такя намудан мумкин нест, ба истиснои ҳолатҳое, ки:

а) мавҷудияти чунин ҳолатҳо асоси муҳимми ризояти иштирокчиёнро оид ба ҳатмӣ будани шартнома барои онҳо ташкил медод; ва

б) оқибати тағйири ҳолатҳо ба таври куллӣ доираи амали уҳдадориҳоро, ки тибқи шартнома ҳоло барои иҷро нестанд, тағйир медиҳад.

2. Ба тағйирёбии куллии ҳолатҳо ҳамчун ба асоси қатъи шартнома ё баромадан аз он такя намудан мумкин нест:

а) агар шартнома меъёр пеш гузорад; ё

б) агар чунин тағйирёбии куллӣ, ки ба он иштирокчӣ такя мекунад, натиҷаи аз ҷониби ин иштирокчӣ вайрон намудани уҳдадориҳо тибқи шартнома ва ё дигар уҳдадориҳои байналмилалӣ, ки иштирокчӣ нисбати ҳар як иштирокчии дигари шартнома бар душ гирифтааст, бошад.

3. Агар мутобиқи бандҳои қаблӣ иштирокчӣ ҳақ дошта бошад, ки ба тағйирёбии куллии ҳолатҳо ҳамчун ба асоси қатъи шартнома ё баромадан аз он такя намояд, он инчунин ҳақ дорад ба ин тағйирёбӣ ҳамчун ба асоси боздории амали шартнома такя намояд.

 

Моддаи 63. Қатъи муносибатҳои дипломатӣ ва консулӣ

 

Қатъи муносибатҳои дипломатӣ ва консулӣ миёни иштирокчиёни шартнома ба муносибатҳои ҳуқуқие, ки миёни онҳо аз тарафи шартнома муайян гардидааст, таъсир намерасонад, ба истиснои ҳолатҳое, ки мавҷудияти муносибатҳои дипломатӣ ва консулӣ барои иҷрои шартнома зарур аст.

 

Моддаи 64. Пайдо шудани меъёри нави қатъии
(императивии) ҳуқуқи байналмилалии умумӣ (jus cogens)

 

Агар меъёри нави қатъии (императивии) ҳуқуқи байналмилалӣ пайдо шавад, ҳамагунашартномаи мавҷуда, ки бо ин меъёр дар мухолифат аст, беэътибор ҳисобида шуда, қатъ мегардад.

 

Боби  4: Тартиб

 

Моддаи 65. Тартибе, ки бояд нисбати беэътибории шартнома,
қатъи шартнома, баромадан аз он ё боздории амали он риоя карда шавад.

 

1. Иштирокчие, ки тибқи меъёрҳои Конвенсияи мазкур ба нуқс дар ризояти худ оид ба ҳатмӣ будани шартнома барои он ё ба асос барои ба баҳс кашидани эътибор доштани шартнома такя мекунад, барои қатъи шартнома, баромадан аз он ё боздории амали он бояд иштирокчиёни дигарро дар бораи талаби худ огоҳ намояд. Дар огоҳнома бояд чораҳое, ки нисбат ба шартнома, инчунин вобаста ба асосҳои онҳо қабул шавад, нишон дода шавад.

2. Агар бо гузашти давраи муайян, ки ба истиснои ҳолатҳои фаврии махсус, бояд на кам аз се моҳро аз лаҳзаи гирифтани огоҳнома ташкил диҳад, ягон иштирокчӣ изҳори норизогӣ накунад, пас иштирокчии огоҳномаро фиристода ҳақ дорад бо тартибе, ки моддаи 67 муқаррар кардааст, чораҳои худро роҳандозӣ намояд.

3. Агар баногоҳ аз ҷониби ҳар як аз иштирокчии дигар норизогӣ баён гардад, пас иштирокчиён бояд бо ёрии воситаҳои дар моддаи 33-и Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид дарҷгардида ба ҳал шудани он кӯшиш намоянд.

4. Ҳеҷ чиз дар бандҳои қаблӣ ҳуқуқҳо ё уҳдадориҳои иштирокчиёнро дар доираи ҳама гуна  меъёри амалкунанда, ки барои иштирокчиён дар мавриди ҳалли баҳсҳо ҳатмист, дарбар намегирад.

5. Бе расонидани зарар ба моддаи 45 он ҳолате, ки давлат қаблан огоҳномаи дар банди 1 навишташударо нафиристода бошад, ба фиристодани чунин огоҳнома аз ҷониби он дар ҷавоб ба иштирокчии дигар, ки иҷрои шартномаро талаб менамояд ё дар хусуси вайронкунии он изҳори назар мекунад, халал намерасонад.

 

Моддаи 66. Тартиби тафтишоти судӣ, арбитраж ва оштисозӣ

 

Агар дар муддати 12 моҳ пас аз таърихе, ки норозигӣ изҳор шудааст, ягон қарор мутобиқи банди 3-и моддаи 65 ба даст наомада бошад, пас тартиби зерин амалӣ мегардад:

а) ҳар яке аз ҷонибҳо дар баҳс оид ба татбиқ ё тафсири моддаҳои 53 ё 64 метавонад онро бо роҳи аризаи хаттӣ ҷиҳати ҳал ба Суди Байналмилалӣ диҳад, агар тарафҳо бо ризояти умум аҳд накунанд, ки ин баҳсро ба арбитраж диҳанд;

б) ҳар яке аз ҷонибҳо дар баҳс оид ба татбиқ ё тафсири ҳамагуна моддаи дигари қисми V-и Конвенсия метавонад тартиберо, ки дар замима ба Конвенсияи мазкур нишон дода шудааст, бо муроҷиат бо хоҳиши дахлдор ба Дабири кулли СММ шурӯъ кунад.

 

Моддаи 67. Ҳуҷҷатҳо дар бораи эълони беэътибории шартнома, дар бораи қатъи шартнома, дар бораи баромадан аз он ва ё дар бораи боздории он

1. Огоҳномаи дар банди 1-и моддаи 65 ёдшуда бояд дар шакли хаттӣ дода шавад.

2. Ҳар як санаде, ки мақсади эълони беэътибории шартнома ё қатъи шартнома, баромадан аз он ё боздории амали онро мутобиқи меъёрҳои он ва ё меъёрҳои бандҳои 2 ё 3-и моддаи 65 дорад, дар шакли ҳуҷҷате, ки ба иштирокчиёни дигар фиристода мешавад, тартиб дода мешавад. Агар чунин ҳуҷҷат аз ҷониби роҳбари давлат, сардори ҳукумат ё вазири корҳои хориҷӣ имзо нашуда бошад, ба намояндаи давлате, ки ин ҳуҷҷатро медиҳад, метавонад пешниҳод карда шавад, ки салоҳиятро муаррифӣ намояд.

 

Моддаи 68. Бозхонди огоҳнома ё ҳуҷҷатҳое, ки моддаҳои 65 ва 67 пешбинӣ намудаанд.

Огоҳнома ё ҳуҷҷате, ки моддаҳои 65 ва 67 пешбинӣ намудаанд, метавонанд то эътибор пайдо намудани онҳо дар ҳар вақт бозхонд шаванд.

 

Боби V: Оқибатҳои беэътиборӣ ё қатъи шартнома ё боздории амали он

 

Моддаи 69. Оқибатҳои беэътибории шартнома

 

1. Шартномае, ки беэътибории он мутобиқи Конвенсияи мазкур муқаррар гардидааст, беэътибор дониста мешавад. Меъёрҳои шартномаи беэътибор ягон қувваи ҳуқуқӣ надоранд.

2. Агарчӣ дар асоси чунин шартнома амалҳо содир шуда бошанд:

а) ҳар як иштирокчӣ ҳақ дорад аз иштирокчии дигар талаб намояд, ки ба қадри имкон дар муносиботи байниҳамдигарии онҳо меъёреро, ки агар амалҳои номбурда содир намешуданд, метавонист вуҷуд дошта бошад, тартиб диҳад;

б) амалҳое, ки то ишора ба беэътиборӣ боинсофона содир шудаанд, танҳо бо сабаби беэътибории шартнома ғайриқонунӣ ҳисобида намешаванд.

3. Дар ҳолатҳое, ки таҳти амали моддаҳои 49, 50, 51 ё 52 қарор мегиранд, банди 2 нисбат ба иштирокчие, ки барои фиреб, ришваситонӣ ё маҷбурсозӣ ҷавобгар аст, татбиқ намегардад.

4. Дар ҳолати беэътибории ризояти ягон давлат оид ба ҳатмӣ будани шартнома барои он қоидаҳои фавқуззикр дар муносибот миёни ин давлат ва иштирокчиёни шартнома татбиқ карда мешавад.

 

Моддаи 70. Оқибатҳои қатъи шартнома

 

1. Агар шартнома чизи дигарро пешбинӣ накарда бошад ё агар иштирокчиён оид ба чизи дигаре ба тавофуқ нарасида бошанд, қатъи шартнома мутобиқи меъёрҳои шартнома ё Конвенсияи мазкур:

а) иштирокчиёни шартномаро аз ҳамагуна уҳдадории иҷрои минбаъдаи шартнома озод мекунад;

б) ба ҳуқуқҳо, уҳдадориҳо ё вазъи ҳуқуқии иштирокчиён, ки дар натиҷаи иҷрои шартнома то қатъи он пайдо шудаанд, таъсир намерасонад.

2. Агар давлат шартномаи бисёрҷонибаро бекор (денонсатсия) кунад ё аз вай барояд, банди 1 дар муносиботи ин давлат ва ҳар як иштирокчиёни дигари шартнома аз рӯзи эътибор пайдо намудани чунин бекоркунӣ (денонсатсия) ё баромадан аз шартнома татбиқ карда мешавад.

 

Моддаи 71. Оқибатҳои беэътибории шартнома, ки хилофи меъёри қатъии (императивии) ҳуқуқи байнал­милалии умумӣ мебошанд.

 

1. Вақте, ки шартнома мутобиқи моддаи 53 беэътибор аст, иштирокчиён:

а) ба қадри имкон оқибатҳои ҳар амале, ки дар асоси меъёрҳои мухолиф ба меъёри қатъии (императивии) ҳуқуқи байналмилалии умумӣ содир шудааст, бартараф менамоянд; ва

б) муносиботи байниҳамдигарии худро ба меъёри қатъии (императивии) ҳуқуқии байналмилалии умумӣ мутобиқ месозанд.

2. Вақте шартнома беэътибор мешавад ва мутобиқи моддаи 64 қатъ мегардад, қатъи шартнома:

а) иштирокчиёнро аз ҳама гуна уҳдадории иҷрои минбаъдаи шартнома озод мекунад;

б) ба ҳуқуқҳо, уҳдадориҳо ё вазъи ҳуқуқии иштирокчиён, ки дар натиҷаи иҷрои шартнома то қатъи он пайдо шудаанд, ба шарте ки чунин ҳуқуқу уҳдадориҳо ё чунин меъёр метавонад дар оянда танҳо ба ҳамон андоза нигаҳ дошта шаванд, ки онҳо худ ба худ ба меъёри нави қатъии (императивии) ҳуқуқи байналмилалии умумӣ мухолифат накунанд, таъсир намерасонад.

 

Моддаи 72. Оқибатҳои боздории амали шартнома

 

Агар шартнома чизи дигарро пешбинӣ накарда бошад ё агар иштирокчиён оид ба чизи дигар ба тавофуқ нарасида бошанд, боздории амали шартнома мутобиқи меъёрҳои он ё тибқи Конвенсияи мазкур:

а) иштирокчиёнро, ки дар муносиботи байниҳамдигарии онҳо амали шартнома боз дошта мешавад, аз уҳдадориҳои иҷрои шартнома дар муносиботи байниҳамдигарии худ дар давоми давраи боздорӣ озод менамояд;

б) дар дигар маврд ба муносибатҳои аз ҷониби шартнома миёни иштирокчиён муқарраршуда, таъсир намерасонад.

2. Дар даври боздории амали шартнома иштирокчиён аз амалҳое, ки боиси халалдоршавии барқарории амали шартнома мегарданд, худдорӣ менамоянд.

 

Қисми VI. ҚАРОРҲОИ ДИГАР

 

Моддаи 73. Ҳолатҳои ҳуқуқи бамеросгирии давлатҳо, масъулияти давлатҳо ва оғози амалиётҳои ҷангӣ

 

Меъёрҳои Конвенсияи мазкур ҳеқ гуна аз саволҳое, ки метавонанд нисбати шартнома аз ба мерос гирифтани ҳуқуқ аз ҷониби давлатҳо аз масъулияти байналмилалии давлат ё аз оғози амалиётҳои ҷангии миёни давлатҳо пайдо шаванд, пешакӣ ҳал намекунанд.

 

Моддаи 74. Муносибатҳои дипломатӣ ва консулӣ ва бастани шартномаҳо

Канда шудан ё набудани муносибатҳои дипломатӣ ё консулӣ миёни ду ё якчанд давлатҳо ба бастани шартнома миёни ин давлатҳо монеа эҷод намекунад. Бастани шартнома худ ба худ ба меъёрҳо дар риштаи муносибатҳои дипломатӣ ё консулӣ таъсир намерасонад.

 

Моддаи 75. Ҳолати давлати муҳоҷим

 

Меъёрҳои Конвенсияи мазкур ба ягон уҳдадориҳо нисбат ба шартнома, ки метавонад барои давлати муҳоҷим дар натиҷаи чораҳое, ки мутобиқи Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид дар робита ба ҳуҷум аз ҷониби ин давлат қабулшуда пайдо шаванд, дахл надорад.

 

Қисми VII. АМОНАТДОРҲО, ОГОҲНОМАҲО,
ИСЛОҲОТ ВА БАҚАЙДГИРӢ

 

Моддаи 76. Амонатдорҳои шартномаҳо

 

1. Амонатдори шартнома метавонад аз ҷониби давлатҳои дар музокирот иштироккунанда ё бо тартиби худи шартнома ё ягон тартиби дигар таъйин гардад. Як ё якчанд давлат, созмони байналмилалӣ ё шахси иҷрокунандаи асосии мансабдори чунин созмон метавонад амонатдор бошад.

2. Вазифаҳои амонатдори шартнома аз рӯйи хусусиятҳои худ байналмилалӣ мебошанд ва ҳангоми адои вазифаҳои худ амонатдор муваззаф аст, ки холисона амал кунад. Ҳамзамон, далели он, ки шартнома миёни баъзе иштирокчиён эътибор пайдо накардааст ё миёни давлат ва амонатдор якдигар­нофаҳмии вобаста ба адои вазифаҳои амонатдор пайдо шудааст, ба вазифаи вай таъсир намерасонад.

 

Моддаи 77. Вазифаҳои амонатдорҳо

 

1. Агар шартнома чизи дигарро пешбинӣ накарда бошад ё давлатҳои дигари аҳдкунанда оид ба чизи дигар ба тавофуқ нарасида бошанд, вазифаҳои амонатдор иборат аст, аз:

а) нигаҳдории матни аслии шартнома ва салоҳияти ба амонатдор додашуда;

б) омода намудани нусхаҳои тасдиқшуда аз матни аслӣ ва ҳар гуна матнҳои дигари шартнома бо дигар забонҳое, ки шартнома метавонад дар назар гирифта бошад, инчунин фиристодани онҳо ба иштирокчиён ва давлатҳое, ки ҳуқуқи иштирокчӣ шуданро доранд;

в) қабули имзоҳо зери шартнома, қабулу нигаҳдории ҳуҷҷатҳо, огоҳномаҳо ва паёмҳои марбут ба он;

г) омӯзиши масъала, ки оё имзоҳо, ҳуҷҷатҳо, огоҳномаҳо ё паёмҳои марбут ба шартнома дар ҳолати дурустии пурра ва дар шакли зарурӣ қарор доранд ва дар ҳолати зарурӣ расонидани матлаби мазкур ба иттилои давлати дахлдор;

ғ) мутталеъсозии иштирокчиён ва давлатҳое, ки ҳуқуқи иштирокчии шартнома шуданро доранд, дар хусуси ҳуҷҷатҳо, огоҳномаҳо ва паёмҳои марбут ба шартнома;

д) мутталеъсозии давлатҳое, ки ҳуқуқи иштирокчии шартнома шуданро доранд, дар хусуси он ки кай миқдори имзоҳо, варақаҳои тасдиқӣ (ратификатсионӣ) ё ҳуҷҷатҳо дар бораи қабул, тасдиқ ё ҳамроҳшавӣ, ки барои эътибор пайдо намудани шартнома лозиманд, қабул шуданд ё ба нигаҳдорӣ супорида шуданд;

е) бақайдгирии шартнома дар Котиботи Созмони Милали Муттаҳид;

ё) иҷрои вазифаҳое, ки меъёрҳои дигари Конвенсияи мазкур пешбинӣ намудаанд.

2. Дар ҳолати сар задани ҳар гуна якдигарнофаҳмӣ миёни ягон давлат ва амонатдор нисбат ба адои вазифаҳои дуюмӣ амонатдор ин масъаларо ба иттилои давлатҳои шартномаро имзонамуда ва давлатҳои аҳдкунанда ё дар ҳолатҳои дахлдор, ба маълумоти мақоми салоҳиятдори созмони байналмилалии манфиатдор мерасонад.

 

Моддаи 78. Огоҳномаҳо ва паёмҳо

 

Агар аз ҷониби шартнома ё Конвенсияи мазкур чизи дигар пешбинӣ нашуда бошад, огоҳнома ё паёми аз ҷониби ҳар як давлат мутобиқи Конвенсияи мазкур тартибдодашуда:

а) агар амонатдор набошад, бевосита ба давлатҳое, ки он (огоҳнома ё паём) барои онҳо муқаррар шудааст, фиристода мешавад, ё агар амонатдор бошад, ба амонатдор фиристода мешавад;

б)  аз ҷониби давлати дахлдор анҷомдодашуда ҳисобида мешавад, танҳо пас аз гирифтани он аз ҷониби давлате, ки огоҳнома ё паём ба он фиристода шуда буд, ё, вобаста ба ҳолат, ба маҳзи гирифтани он аз ҷониби амонатдор;

в) агар он ба амонатдор фиристода шавад, аз ҷониби давлате, ки барояш он пешбинӣ шудааст, танҳо пас аз оне, ки ин давлат дар ин хусус мутобиқи банди 1 “ғ”-и моддаи 77 аз ҷониби амонатдор хабардор шуд, қабулшуда ҳисобида мешавад.

 

Моддаи 79. Ислоҳи саҳвҳо дар матнҳо
 ё дар нусхаҳои тасдиқшудаи шартномаҳо

 

1. Агар баъди муайян намудани саҳеҳияти матни шартнома давлатҳои онро имзонамуда ё давлатҳои аҳдкунанда бо ризояти умум тазаккур диҳанд, ки дар он саҳв мавҷуд аст, пас ин саҳв, агар онҳо оид ба татбиқ усули дигар қарор накунанд, ислоҳ мешавад, тариқи:

а) ворид намудани ислоҳи дахлдор ба матн ва аз ҷониби намояндаҳои соҳибмақом параф намудани (пешакӣ имзо намудани) ин ислоҳ ба тарзи лозима;

б) тартиб додани ҳуҷҷат бо зикри ислоҳе, ки ба вориди он розӣ шуданд ё мубодилаи чунин ҳуҷҷатҳо; ё

в) тартиб додани ҳама матни ислоҳшудаи шартнома бо ҳамон тартиб, ки зимни бақайдгирии матни асл истифода мешавад;

2. Агар сухан дар бораи шартнома, ки барои нигаҳдорӣ ба амонатдор дода мешавад, равад, пас амонатдор давлатҳои шартномаро имзонамуда ва давлатҳои аҳдкунандаро дар хусуси саҳв, инчунин дар бораи пешниҳод оид ба ислоҳи он огоҳ менамояд ва давраи муайяни вақтро, ки дар давоми он метавонад бар зидди ин пешниҳод норизогӣ баён гардад, муқаррар менамояд. Агар то анҷоми ин давра:

а) норозигӣ набошад, амонатдор ислоҳро ба матн ворид мекунад ва ин ислоҳро параф мекунад (пешакӣ имзо мекунад), протоколро оид ба ислоҳи матн тартиб дода, нусхаи онро ба иштирокчиён ва давлатҳое, ки ҳуқуқи иштирокчӣ шуданро доранд, мефиристад;

б) норозигӣ баён карда шавад, амонатдор ин норозигиро ба самъи давлатҳои шартномаро имзонамуда ва давлатҳои аҳдкунанда мерасонад.

3. Қоидаҳое, ки дар бандҳои 1 ва 2 дарҷ гардидаанд, инчунин дар ҳолатҳое, ки саҳеҳияти матн дар ду ё якчанд забон муайян гардидааст ва миёни матнҳои мухталиф номутобиқатӣ мушоҳида мешавад, татбиқ мегарданд ва ин номутобиқатӣ бояд бо ризояти умуми давлатҳои шартномаро имзонамуда ва давлатҳои аҳдкунанда ислоҳ карда шавад.

4. Матни ислоҳшуда матни дорои саҳвро ab initio иваз мекунад, агар фақат давлатҳои шартномаро имзонамуда ва давлатҳои аҳдкунанда ба дигар қарор наоянд.

5. Ислоҳи матни шартномаи бақайдгирифташуда ба таваҷҷуҳи Котиботи Созмони Милали Муттаҳид расонида мешавад.

6. Агар саҳв дар нусхаи тасдиқшудаи шартнома мавҷуд бошад, амонатдор протоколи дорои ислоҳро тартиб медиҳад ва нусхаи онро ба давлатҳои шартномаро имзонамуда ва давлатҳои аҳдкунанда ирсол менамояд.

Моддаи 80. Бақайдгирӣ ва интишори шартномаҳо

1. Шартномаҳо пас аз эътибор пайдо намуданашон барои ба қайдгирӣ ё нигаҳдорӣ ва ворид намудан ба феҳрист, вобаста ба ҳолат, барои интишор ба Котиботи Созмони Милали Муттаҳид ирсол карда мешаванд.

2. Таъйин намудани амонатдор ба он ҳуқуқ медиҳад, ки амалҳои дар банди қаблӣ зикргардидаро пиёда намояд.

 

Қисми VIII. МОДДАҲОИ ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 81. Баимзорасонӣ

 

Конвенсияи мазкур барои имзо аз ҷониби ҳамаи давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид ё аъзои яке аз муассисаҳои тахассусӣ ё Агентии байналмилалии энергияи атомӣ, ё иштирокчиёни Статути Суди Байналмилалӣ, ҳамчунин давлатҳои дигар, ки аз тарафи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ҷиҳати иштирокчии Конвенсияи мазкур шудан даъват шудаанд, кушода аст: то 30-юми ноябри соли 1969 – дар Вазорати федеролии корҳои хориҷии Ҷумҳурии Австрия, баъд аз ин таърих то 30-юми апрели соли 1970 – дар муассисаҳои марказии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк.

Моддаи 82. Тасдиқ (ратификатсия)

 

Конвенсияи мазкур тасдиқ (ратификатсия)-ро тақозо менамояд. Варақаҳои тасдиқӣ барои нигаҳдорӣ ба Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид супорида мешаванд.

 

Моддаи 83. Ҳамроҳшавӣ

 

Ба Конвенсияи мазкур ҳар як давлати шомили ин ё он гурӯҳи давлатҳои дар моддаи 81 зикргардида ҳамроҳ шуда метавонад. Ҳуҷҷатҳо дар бораи ҳамроҳшавӣ ҷиҳати нигаҳдорӣ ба Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид супорида мешаванд.

 

Моддаи 84. Эътибор пайдо кардан

 

1. Конвенсияи мазкур дар рӯзи сиюми баъди барои нигаҳдорӣ супорида шудани сию панҷумин варақаҳои тасдиқӣ ё сию панҷумин ҳуҷҷат дар бораи ҳамроҳшавӣ эътибор пайдо мекунад.

2. Барои ҳар як давлате, ки баъди супорида шудани сию панҷумин варақаи тасдиқӣ ё сию панҷумин ҳуҷҷат дар бораи ҳамроҳшавӣ Конвенсияи мазкурро тасдиқ (ратификатсия) мекунад, Конвенсия дар рӯзи сиюми баъди аз ҷониби ин давлат супорида шудани варақаи тасдиқӣ ё ҳуҷҷат дар бораи ҳамроҳшавӣ эътибор пайдо мекунад.

 

Моддаи 85. Матнҳои яксон

 

Нусхаи аслии Конвенсияи мазкур, ки матнҳои он ба забонҳои англисӣ, испанӣ, хитоӣ, русӣ ва фаронсавӣ, эътибори яксон доранд, барои нигаҳдорӣ ба Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид супорида мешаванд.

Барои тасдиқи он намояндагони соҳибҳуқуқи зерин, ки бо таври лозимӣ аз ҷониби ҳукуматҳои худ соҳибҳуқуқ гардидаанд, Конвенсияи мазкурро имзо намуданд.

Дар Вена бисту сеюми майи соли 1969 содир шудааст.

 

ЗАМИМА

 

1. Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид рӯйхати миёнаравҳои ҷаҳониро аз ҳисоби ҳуқуқшиносони ботаҷриба тартиб дода, пеш мебарад.  Бо ин мақсад ба ҳар як давлати узви Созмони Милали Муттаҳид ё ба иштирокчии Конвенсияи мазкур пешниҳод мекунад, ки ду миёнарави ҷаҳониро таъйин намояд ва номҳои ашхоси ба ҳамин тарз таъйиншуда рӯйхати номбурдаро ташкил медиҳанд. Миёнаравҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла миёнаравҳои ҷаҳонӣ барои пур намудани ҷойҳои холии тасодуфан бавуҷудомада ба мӯҳлати панҷ сол таъйин мегарданд ва ин мӯҳлат метавонад таҷдид шавад. Миёнарави ҷаҳонӣ бо анҷом ёфтани мӯҳлати таъйиншудаи худ ба иҷрои ҳар вазифае, ки барои амалӣ намудани онҳо интихоб шуда буд, мутобиқи меъёрҳои банди баъдӣ идома медиҳад.

2. Агар ба Дабири кул мутобиқи меъёрҳои моддаи 66 хоҳиш ирсол гардад, вай баҳсро ба комиссияи муросо, ки ба тариқи зайл ташкил шудааст, ҷиҳати баррасӣ вогузор менамояд.

Давлат ё давлатҳое, ки дар баҳс як тараф маҳсуб мешаванд, таъйин мекунанд:

а) як миёнарави ҷаҳониро, ки шаҳрванди ин давлат маҳсуб мешавад ё якеро аз ин давлатҳо аз ҷумлаи ашхосе, ки ба рӯйхати дар банди 1 ёдоваршуда ҳамроҳ карда шудааст ё аз ҷумлаи дигар ашхос; ва

б) як миёнарави ҷаҳониро, ки шаҳрванди ин давлат нест, ё якеро аз ин давлатҳо, ки ба рӯйхати номбаршуда шомил аст.

Давлат ё давлатҳое, ки тарафи дигар дар баҳс ба ҳисоб мераванд, ду миёнарави ҷаҳониро ба ҳамин тарз таъйин мекунанд. Чор миёнарави ҷаҳонии аз ҷониби тарафҳо интихобшуда бояд дар давоми шаст рӯз аз он таърихе, ки Дабири кул хоҳиши дахлдорро гирифт, таъйин карда шаванд.

Ин чор миёнарави ҷаҳонӣ дар давоми шаст рӯз баъди таъйини нафари охирин, аз ҷумлаи ашхосе, ки ба рӯйхат дохил шудаанд, миёнарави ҷаҳонии панҷумро таъйин мекунанд, ки сардор мешавад.

Агар сардор ё ягон миёнаравҳои ҷаҳонии дигар дар муддати мазкури барои таъйини онҳо муқарраршуда таъйин нашаванд, онҳо аз ҷониби Дабири кул дар давоми шаст рӯз аз анҷомёбии мӯҳлати дахлдор таъйин карда мешаванд.  Таъйини сардор ё аз ҷумлаи ашхоси ба рӯйхат дохилгардида ва ё аз ҷумлаи аъзои Комиссияи ҳуқуқи байналмилалӣ аз тарафи Дабири кул сурат мегирад. Ҳар гуна аз мӯҳлат, ки дар давоми он бояд таъйинот сурат гирад, метавонад бо ризояти тарафҳои баҳс тамдид карда шавад.

Ҳар як ҷойи холӣ бояд ба ҳамин тарзе ки барои таъйини аввалӣ нишон дода шуда буд, пур карда шавад.

3.  Комиссияи муросо тартиби худро муқаррар мекунад. Комиссия метавонад бо ризояти тарафҳои баҳс ба ҳар яке аз иштирокчиёни шартнома пешниҳод кунад, ки онҳо назари худро ба он (комиссия) шифоҳӣ ё хаттӣ иброз намоянд. Комиссия бо аксарияти овозҳои панҷ аъзои худ қарор қабул мекунад ва тавсия медиҳад.

4. Комиссия метавонад таваҷҷуҳи тарафҳои баҳсро ба чораҳое, ки метавонанд боиси ҳалли дӯстонаи баҳс гарданд, ҷалб намояд.

5. Комиссия тарафҳоро гӯш карда, эродҳо ва норозигиҳоро баррасӣ мекунад ва ба таваҷҷуҳи тарафҳо пешниҳодҳое, ки барои расидан ба ҳалли дӯстонаи баҳс равона шудаанд, пешкаш менамояд.

6. Комиссия метавонад маърӯзаи худро дар давоми дувоздаҳ моҳи пас аз санаи ташкилшавии он манзур намояд. Ин маърӯза ба Дабири кул ва тарафҳои баҳс ирсол мегардад. Маърӯзаи Комиссия, инчунин ҳамаи хулосаҳои дар он дарҷгардида роҷеъ ба масъалаҳои далел ва ҳуқуқ барои тарафҳо ҳатмӣ набуда, танҳо тавсияеро, ки ба мақсади осон намудани ҳалли дӯстонаи баҳс ба баррасии тарафҳо пешниҳод мегардад, ташкил медиҳад.

7. Дабири кул ба Комиссия ёрӣ ва воситаҳои хизматрасониро, ки он ба онҳо ниёз дорад, мерасонад. Хароҷоти Комиссия аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид пардохта мешаванд.

Нигористон

Тақвим