12 декабри соли 2022 дар шаҳри Ашқобод муовини раиси Девони вазирон, вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзодаро ба ҳузур пазируфт.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои муҳимми муносибатҳои шарикии Тоҷикистону Туркманистонро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар ин замина рушди устувор ҳамкории ду кишвар дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ таъкид гардид.
Ҳамчунин мубодилаи афкор дар атрофи ҳамкориҳои ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ сурат гирифт.