5 декабри соли 2022 дар шаҳри Душанбе даври навбатии машваратҳои сиёсӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон доир гардид. Ҳайатҳоро муовинони вазирони корҳои хориҷии ду кишвар Содиқ Имомӣ ва Ермухамбет Конуспаев роҳбарӣ карданд.
Зимни машваратҳо масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷониба дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ мавриди баррасии амиқ қарор гирифтанд. Инчунин атрофи ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва масъалаҳои амнияти минтақавӣ табодули афкор анҷом дода шуд. Таваҷҷуҳи махсус ба омода кардани чорабиниҳои муштарак ба муносибати 30-юмин солгарди барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Қазоқистон зоҳир гардид.
Машваратҳо дар фазои эътимод ва созанда муносиб ба руҳияи муносибатҳои шарикии стратегии ду кишвар доир шуд.