Конвенсияи
Вена дар бораи равобити дипломатӣ
аз 18 апрели соли 1961
Давлатҳои иштирокчии Конвенсияи мазкур,
аз замонҳои қадим аз ҷониби халқҳои ҳамаи кишварҳо пазируфтани мақоми гумоштаҳои дипломатиро таъкид намуда,
мақсаду вазифаҳои Оинномаи Созмони Милал Муттаҳид дар робита ба баробарӣ дар соҳибихтиёрии давлатҳо, ҳифзи сулҳу амнияти байналмилалӣ ва мусоидат ба ривоҷи муносибатҳои дӯстонаи миёни давлатҳоро ба инобат гирифта,
бо итминон бар он, ки ба имзо расонидани конвенсияи байналмилалӣ дар бораи муносибатҳои дипломатӣ, имтиёзу масуниятҳо ба ривоҷи муносибатҳои дӯстонаи миёни давлатҳо, сарфи назар аз тафовут дар сохти давлатӣ ва ҷамъиятии онҳо, кӯмак мерасонад,
бо дарки он, ки чунин имтиёзу масуниятҳо на барои манфиатҳои ашхоси ҷудогона, балки баҳри таъмини иҷрои самараноки вазифаҳои намояндагии дипломатӣ ҳамчун мақоми намояндагии давлат муҳайё карда мешаванд,
аз тарафи меъёрҳои ҳуқуқи анъанавии байналмилалӣ идома ёфтани танзими масъалаҳои бевосита бо муқаррароти Конвенсияи мазкур пешбининашударо тасдиқ намуда, ба мувофиқати зерин расиданд:
Моддаи 1
Дар Конвенсияи мазкур мафҳумҳои дар поён дарҷгардида ба чунин маънӣ истифода бурда мешаванд:
а) “роҳбари намояндагӣ” - шахсест, ки давлати таъйинкунанда вазифаи дар ин мақом амал намуданро ба зиммаи ӯ вогузор кардааст;
б) “кормандони намояндагӣ” - роҳбари намояндагӣ ва аъзои хайати намояндагӣ;
в) “аъзои ҳайати намояндагӣ” - аъзои ҳайати дипломатӣ, ҳайати маъмурӣ-техникӣ ва ҳайати хизматрасон;
г) “аъзои ҳайати дипломатӣ” - аъзои ҳайати намояндагӣ, ки рутбаи дипломатӣ доранд;
д) “гумоштаи дипломатӣ” - роҳбари намояндагӣ ё узви ҳайати дипломатии намояндагӣ;
е) “аъзои ҳайати маъмурӣ-техникӣ” - аъзои ҳайати намояндагӣ, ки вазифаҳои хизматрасонии маъмурӣ-техникии намояндагиро иҷро мекунанд;
ё) “аъзои ҳайати хизматрасон” - аъзои ҳайати намояндагӣ, ки вазифаҳои хизматрасонии намояндагиро иҷро мекунанд;
ж) “корманди пешхидмати манзилӣ” - шахсе, ки вазифаҳои хидматкори корманди намояндагиро иҷро карда, хизматчии давлати пазиранда ҳисоб намешавад;
з) “макони намояндагӣ” - бино ё қисми бино ва қитъаи замини назди он, аз ҷумла қароргоҳи роҳбари намояндагӣ, ки сарфи назар аз кӣ будани молики онҳо ба мақсадҳои намояндагӣ истифода мешавад.
Моддаи 2
Барқарор кардани робитаҳои дипломатӣ миёни давлатҳо ва таъсиси намояндагиҳои доимии дипломатӣ тибқи ризоияти тарафайн сурат мегирад.
Моддаи 3
1.Вазифаҳои намояндагии дипломатӣ аз ҷумла аз инҳо иборатанд:
а) намояндагии давлати таъйинкунанда дар давлати пазиранда;
б) ҳимояи манфиатҳои давлати таъйинкунанда ва шаҳрвандони он дар давлати пазиранда дар доираи муқаррарнамудаи ҳуқуқи байналмилалӣ;
в) музокирот бо ҳукумати давлати пазиранда;
г) бо истифода аз воситаҳои қонунӣ муайян кардани шароиту ҳаводиси давлати пазиранда ва ба ҳукумати давлати таъйинкунанда иттилоъ додан;
д) хушпазирии муносибатҳои дӯстона миёни давлати пазиранда ва давлати таъйинкунанда ва густариши робитаҳои онҳо дар соҳаҳои иқтисодиёт, фарҳанг ва илм.
2. Ҳеҷ як аз муқаррароти Конвенсияи мазкур набояд ҳамчун монеа дар иҷрои вазифаҳои консулӣ аз ҷониби намояндагии дипломатӣ маънидод карда шавад.
Моддаи 4
1. Давлати таъйинкунанда бояд итминон ҳосил намояд, ки давлати пазиранда барои шахсе, ки онро ҳамчун роҳбари намояндагӣ дар ин давлат ба қайд гирифтанист, ризоияти пазириш (агреман) додааст.
2. Давлати пазиранда ӯҳдадор нест, ки сабаби радди пазиришро ба иттилои давлати таъйинкунанда бирасонад.
Моддаи 5
1. Давлати таъйинкунанда бо тарзи муқарраргардида давлатҳои дахлдори пазирандаро огоҳ намуда, вобаста ба ҳолатҳои мушаххас метавонад як роҳбари намояндагиро дар як ё якчанд давлати дигар ба қайд гирад ё барои адои ин вазифа яке аз аъзои ҳайати дипломатиро таъйин кунад, агар аз ҷониби ҳеҷ яке аз давлатҳои пазиранда зиддият изҳор нашуда бошад.
2. Агар давлати таъйинкунанда роҳбари намояндагиро дар як ё якчанд давлати дигар ба қайд гирад, дар ин сурат он метавонад дар ҳар як давлате, ки дар он роҳбари намояндагӣ иқомати доимӣ надорад, таҳти роҳбарии кордори муваққатӣ намояндагии дипломатӣ таъсис диҳад.
3. Роҳбари намояндагӣ ё ҳар яке аз аъзои ҳайати дипломатии намояндагӣ метавонад ба ҳайси намояндаи давлати таъйинкунанда дар назди ҳар яке аз созмонҳои байналмилалӣ амал намояд.
Моддаи 6
Ду ва ё якчанд давлат метавонанд як шахсро ҳамчун роҳбари намояндагӣ дар давлати дигар ба қайд гиранд, агар давлати пазиранда зиддият изҳор накарда бошад.
Моддаи 7
Бо назардошти истисноҳои дар моддаҳои 5, 8, 9 ва 11 пешбинишуда, давлати таъйинкунанда метавонад озодона аъзои ҳайати намояндагиро таъйин намояд. Нисбати атташеҳои ҳарбӣ, баҳрӣ ё ҳавоӣ давлати пазиранда метавонад пешниҳод намояд, ки насабҳои онҳо барои тасвиб қаблан иттило дода шаванд.
Моддаи 8
1. Аъзои ҳайати дипломатии намояндагӣ чун қоида бояд шаҳрванди давлати таъйинкунанда бошанд.
2. Аъзои ҳайати дипломатии намояндагӣ бидуни ризоияти давлати пазиранда наметавонанд аз ҷумлаи шаҳрвандони он таъйин гарданд ва ин ризоият ҳар вақт метавонад бекор карда шавад.
3. Давлати пазиранда метавонад чунин ҳуқуқро барои худ нисбат ба шаҳрвандони давлати сеюм, ки ҳамзамон шаҳрванди давлати таъйинкунанда намебошанд, тазаккур намояд.
Моддаи 9
1. Давлати пазиранда метавонад дар ҳар вақту замон давлати таъйинкунандаро огоҳ созад, ки роҳбари намояндагӣ ё яке аз аъзои ҳайати намояндагӣ шахси номатлуб (personanon-grata) мебошад ва ӯҳдадор нест, ки сабабҳои ин қарори худро ошкор намояд. Дар ин сурат давлати таъйинкунанда бояд ин шахсро бозхонд кунад ё вазифаҳои ӯро дар намояндагӣ қатъ намояд. Ин ё он шахс то ворид шудан ба қаламрави пазиранда ҳам шахси номатлуб эълон шуда метавонад.
2. Агар давлати таъйинкунанда иҷрои уҳдадориҳои дар банди 1 моддаи мазкур пешбинишудаи худро рад кунад ё дар муҳлати қобили қабул онҳоро иҷро нанамояд, давлати пазиранда метавонад чунин шахсро ба сифати корманди намояндагӣ эътироф накунад.
Моддаи 10
1. Вазорати корҳои хориҷии давлати пазиранда ё дигар вазорате, ки нисбат ба он мувофиқат ҳосил гаштааст, аз чунин амалҳо огоҳ карда мешавад:
а) таъйини кормандони намояндагӣ, омадан ва тамоман рафтани онҳо ё қатъ гардидани вазифаҳои онҳо дар намояндагӣ;
б) омадан ва тамоман рафтани шахси ба оилаи корманди намояндагӣ тааллуқдошта ва дар мавридҳои дахлдор роҷеъ ба он, ки ин ё он шахс узви оилаи корманди намояндагӣ мегардад ва ё аз он хориҷ мешавад;
в) омадан ва тамоман рафтани коркунони хусусии хонагӣ, ки дар хизмати шахсони дар зербанди “а” банди мазкур зикрёфта қарор доранд ва дар мавридҳои лозим аз қатъи хизмати онҳо ба шахсони номбурда;
г) қабул кардан ба кор ва аз кор озод кардани шахсоне, ки дар давлати пазиранда ба сифати корманди намояндагӣ ё коркуни хусусии хонагии ба имтиёзу масуниятҳо ҳуқуқдошта истиқомат мекунанд.
2. Огоҳ кардан аз омадан ва тамоман рафтан, ба қадри имкон, бояд қаблан сурат гирад.
Моддаи 11
1. Дар сурати набудани мувофиқати мушаххас оид ба теъдоди ҳайати намояндагӣ давлати пазиранда метавонад пешниҳод намояд, ки шумораи ҳайати намояндагӣ дар ҳудуде, ки он бо назардошти шароиту авзои давлати пазиранда ва талаботи ҳамин намояндагӣ мақбул ва зарур аст, нигоҳ дошта шавад.
2. Давлати пазиранда ҳамчунин метавонад бо ҳамин асос ва бе табъиз қабули шахсони мансабдори дараҷаи муайянро рад намояд.
Моддаи 12
Давлати таъйинкунанда наметавонад бидуни ризоияти пешакии возеҳ изҳоршудаи давлати пазиранда ягон сохтори намоядагии дипломатиро дар маҳалли дигари аҳолинишин, ба ғайр аз маҳалле, ки дар он худи намояндагӣ амал мекунад, таъсис диҳад.
Моддаи 13
1. Адои вазифаи роҳбари намояндагӣ дар давлати пазиранда вобаста ба таҷрибаи дар ин давлат вуҷуддошта, ки бояд ба таври яксон истифода шавад, аз лаҳзаи супоридани эътимоднома ё аз лаҳзаи огоҳ кардан дар бораи омадани худ ва пешниҳод кардани нусхаи тасдиқшудаи эътимодномаҳо ба вазорати корҳои хориҷӣ ё дигар вазорате, ки нисбати он мувофиқат ҳосил гаштааст, шурӯъгардида ҳисоб мешавад.
2. Навбати супоридани эътимодномаҳо ё пешниҳоди нусхаи тасдиқшудаи онҳо аз рӯи сана ва соати омадани роҳбари намояндагӣ муайян карда мешавад.
Моддаи 14
1. Роҳбарони намояндагиҳо ба се дараҷаи зерин ҷудо мешаванд:
а) сафирон ва нунсийҳо, ки дар назди сарони давлатҳо таъйин карда мешаванд;
б) фиристодаҳо ва интернунсийҳо, ки дар назди сарони давлатҳо таъйин карда мешаванд;
в) кордорон, ки дар назди вазирони корҳои хориҷӣ таъйин карда мешаванд.
2. Ба ҷуз нисбати аршадият ва русум, аз рӯи мансубияти роҳбарони намояндагиҳо ба ин ё он дараҷа байни онҳо ҳеч гуна тафовуте набояд гузошта шавад.
Моддаи 15
Мансубияти роҳбари намояндагӣ ба ин ё он дараҷа бо мувофиқати байни давлатҳо муайян карда мешавад.
Моддаи 16
1. Аршадияти роҳбарони намояндагиҳои дараҷаи мувофиқ аз рӯи сана ва соати шурӯъ кардани онҳо ба иҷрои вазифаҳои худ тибқи моддаи 13 муайян карда мешавад.
2. Тағйирот дар эътимодномаи роҳбари намояндагӣ, ки ба дигаргунии дараҷа оварда намерасонанд, ба аршадият таъсир намерасонанд.
3. Моддаи мазкур ба амалияи давлати пазиранда нисбати аршадияти намояндаи Ватикан дахолат намекунад.
Моддаи 17
Аршадияти аъзои ҳайати дипломатии намояндагӣ ба вазорати корҳои хориҷӣ ё дигар вазорате, ки нисбати он мувофиқат ҳосил гаштааст, аз тарафи роҳбари намояндагӣ иттило дода мешавад.
Моддаи 18
Тартиби пазируфтани роҳбарони намояндагиҳо дар ҳар давлат нисбат ба ҳар як дараҷа бояд яксон сурат гирад.
Моддаи 19
1. Агар вазифаи роҳбари намояндагӣ холӣ бошад ё агар роҳбари намояндагӣ вазифаҳои худро иҷро карда натавонад, кордори муваққатӣ вазифаи роҳбари намояндагиро муваққатан иҷро менамояд. Ному насаби кордори муваққатӣ ба вазорати корҳои хоричӣ ё дигар вазорате, ки нисбат ба он мувофиқат ҳосил гаштааст, аз тарафи роҳбари намояндагӣ ва ё агар ӯ имкони иҷрои чунин амалро надошта бошад, аз ҷониби вазорати корҳои хориҷии давлати таъйинкунанда иттило дода мешавад.
2. Дар мавридҳое, ки агар ҳеҷ яке аз корманди дипломатии намояндагӣ дар давлати пазиранда ҳузур надошта бошад, аъзои ҳайати маъмурӣ-техникӣ метавонад бо ризоияти давлати пазиранда аз тарафи давлати таъйинкунанда масъули иҷрои корҳои ҷории маъмурии намояндагӣ таъйин карда шавад.
Моддаи 20
Намояндагӣ ва роҳбари он ҳақ доранд, ки парчам ва нишони давлати таъйинкунандаро дар биноҳои намояндагӣ, аз ҷумла дар қароргоҳи роҳбари намояндагӣ ва ҳамчунин дар воситаҳои нақлиёти ӯ истифода намоянд.
Моддаи 21
1. Давлати пазиранда бояд дар доираи қонунгузориаш ба давлати таъйинкунанда барои дар қаламрави худ ба даст овардани биноҳои барои намояндагӣ зарур мусоидат намояд ё ба давлати таъйинкунанда дар пайдо намудани биноҳо бо роҳи дигар кумак расонад.
2. Давлати пазиранда инчунин ҳангоми зарурат бояд ба намояндагиҳо ҷиҳати ба даст овардани биноҳои муносиб барои кормандони онҳо кумак расонад.
Моддаи 22
1. Биноҳои намояндагӣ дахлнопазиранд. Мақомоти давлати пазиранда бидуни ризоияти роҳбари намояндагӣ ба ин биноҳо ворид шуда наметавонанд.
2. Ба зиммаи давлати пазиранда уҳдадориҳои махсус вогузор карда мешавад, ки барои ҳимояи биноҳои намояндагӣ аз хама гуна таҷовуз ё хисоротрасонӣ ва пешгирии ҳар гуна вайронкунии оромиши намояндагӣ ё таҳқири шаъну эътибори он ҳамаи тадбирҳои заруриро пешбинӣ намояд.
3. Биноҳои намояндагӣ, ҷиҳози хонаҳо ва дигар молу мулки дохили онҳо, ҳамчунин воситаҳои нақлиёти намояндагӣ аз тафтиш, мусодира, ҳабс ва амалҳои иҷроӣ масуният доранд.
Моддаи 23
1. Давлати таъйинкунанда ва роҳбари намояндагӣ аз ҳамаи андозҳо, хироҷҳо ва боҷҳои давлатӣ, ноҳиявӣ ва маҳаллӣ дар бобати биноҳои худӣ ё кирояи намояндагӣ, ба истиснои андозҳо, хироҷҳо ва боҷҳое, ки ҳаққи намудҳои мушаххаси хизматрасониро ташкил медиҳанд, озод карда мешаванд.
2. Имтиёзи молиявии дар моддаи мазкур зикршуда ба он андозҳо, хироҷҳо ва боҷҳое, ки тибқи қонунгузории давлати пазиранда нисбат ба шахсони бо давлати таъйинкунанда ё роҳбари намояндагӣ қарордодбаста татбиқ мешаванд, дахл надоранд.
Моддаи 24
Бойгонӣ ва санадҳои намояндагӣ ҳамеша ва новобаста аз макони ҷойгиршавиашон дахлнопазиранд.
Моддаи 25
Давлати пазиранда барои иҷрои вазифаҳои намояндагӣ бояд ҳамаи имкониятҳоро фароҳам орад.
Моддаи 26
Давлати пазиранда бо риояи қонуну қоидаҳое, ки вуруд ба минтақаҳои аз лиҳози амнияти давлатӣ мамнуъ ва ё тобеи муқаррароти хосбударо ба танзим медароранд, ба ҳамаи кормандони намояндагӣ озодии ҳаракатро дар қаламрави худ бояд таъмин намояд.
Моддаи 27
1. Давлати пазиранда бояд равобити озодонаи намояндагиро барои мақсадҳои расмӣ иҷозат диҳад ва таъмин намояд. Намояндагӣ барои тамос бо ҳукумат ва дигар намояндагию консулгариҳои давлати таъйинкунанда новобаста аз маҳалли ҷойгиршавии онҳо, метавонад аз ҳамаи воситаҳои дастрас, аз ҷумла аз қосиди дипломатӣ ва номаҳои рамзӣ ё бо аломатҳои шартӣ иҷрошуда истифода барад. Илова ба ин, намояндагӣ наметавонад бидуни ризоияти давлати пазиранда дастгоҳи интиқолкунандаи радиоро насб кунад ва аз он истифода намояд.
2. Мукотибаи расмии намояндагӣ дахлнопазир аст. Ба мукотибаи расмӣ тамоми мукотибаи марбут ба намояндагӣ ва вазифаҳои он дахлдошта мансубанд.
3. Почтаи дипломатӣ набояд кушода ва ё боздошта шавад.
4. Ҳамаи бастаҳое, ки почтаи дипломатиро ташкил медиҳанд, бояд аломатҳои зоҳирие дошта бошанд, ки аз хусусияти онҳо дарак диҳанд ва онҳо фақат хуҷҷатҳои дипломатӣ ва ашёи таъйиноти расмӣ буда метавонанд.
5. Қосиди дипломатӣ, ки бояд дорои хуҷҷати расмии тасдиқкунандаи мақоми расмии ӯ ва миқдори бастаҳои почтаи дипломатӣ бошад, ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ аз ҳимояи давлати пазиранда истифода мебарад. Вай дорои дахлнопазирии шахсӣ буда, ба ҳеҷ ваҷҳ набояд ҳабс ё дастгир шавад.
6. Давлати таъйинкунанда ё намояндагӣ метавонанд қосидҳои дипломатии махсус (adhoc) таъйин кунанд. Дар чунин мавридҳо муқаррароти банди 5 моддаи мазкур ба истиснои он, ки масуниятҳои дар он зикршуда аз лаҳзаи аз ҷониби ин гуна қосид ба ҷойи таъйинот бурда расонидани почтаи дипломатӣ қатъ мегарданд, татбиқ мешаванд.
7. Почтаи дипломатӣ метавонад ба сарбони ҳайати ҳавопаймои мулкӣ, ки ба фурӯдгоҳи барои ташриф иҷозатшуда равон аст, супорида шавад. Сарбон бояд ҳуҷҷати расмӣ бо нишон додани миқдори бастаҳои почтаи дипломатӣ дошта бошад, вале ӯ қосиди дипломатӣ ба ҳисоб намеравад. Намояндагӣ метавонад барои қабули бевосита ва бемамониати почтаи дипломатӣ аз сарбони ҳавопаймо яке аз кормандони худро равон кунад.
Моддаи 28
Подош ва молиёте, ки намояндагӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳои расмии худ ба даст меорад, аз ҳамаи андозҳо ва боҷу хироҷ озоданд.
Моддаи 29
Шахсияти гумоштаи дипломатӣ дахлнопазир аст. Вай ба ҳеҷ ваҷҳ набояд ҳабс ё дастгир шавад. Давлати пазиранда ӯҳдадор аст, ки ба ӯ бо эҳтироми лозим муносибат карда, барои пешгирии ин ё он таҷовуз ба шахсият, озодӣ ва шаъни ӯ ҳамаи чораҳоро андешад.
Моддаи 30
1. Қароргоҳи хусусии гумоштаи дипломатӣ низ мисли биноҳои намояндагӣ таҳти ҳимоя ва дахлнопазирӣ қарор дорад.
2. Ҳуҷҷатҳо ва мукотибаи ӯ ва ҳамчунин ба истисноҳои дар банди 3 моддаи 31 пешбинишуда, молу мулки ӯ дахлнопазиранд.
Моддаи 31
1. Гумоштаи дипломатӣ аз таъқиботи ҷиноии давлати пазиранда озод аст. Вай инчунин аз масуният аз таъқиботи шаҳрвандӣ ва маъмурӣ истифода мебарад, ба ғайр аз мавридҳои зерин:
а) даъво оид ба моли ғайриманқули хусусие, ки дар қаламрави давлати пазиранда воқеъ аст, агар вай онро аз номи давлати таъйинкунанда барои мақсадҳои намояндагӣ ихтиёрдорӣ накунад;
б) даъвои вобаста ба мерос, ки дар он гумоштаи дипломатӣ на аз номи давлати таъйинкунанда, балки ҳамчун шахси хусусӣ ба сифати иҷрокунандаи васиятнома, парастори молу мулки меросӣ, меросхур ё раддиягиранда амал мекунад;
в) даъвои вобаста ба ягон намуди фаъолияти касбӣ ё соҳибкории гумоштаи дипломатӣ, ки дар давлати пазиранда берун аз доираи вазифаҳои расмии худ иҷро мекунад;
2. Гумоштаи дипломатӣ ба додани баёнот ба сифати шоҳид водор нест.
3. Нисбат ба гумоштаи дипломатӣ татбиқи ягон амалиёти иҷроӣ ҷоиз нест, ба истиснои мавридҳои дар зербандҳои “а”, “б” ва “в” банди 1-уми моддаи мазкур пешбинишуда, ба шарте ки ин амалиёти иҷроӣ ба масунияти шахси ӯ ё қароргоҳаш зиёне нарасонад.
4. Масунияти гумоштаи дипломатӣ аз таъқиботи давлати пазиранда ӯро аз таъқиботи давлати таъйинкунанда озод намекунад.
Моддаи 32
1. Давлати таъйинкунанда метавонад масуният аз таъқиботи гумоштаи дипломатӣ ва ашхосеро, ки тибқи моддаи 37 аз чунин имтиёз бархӯрдоранд, рад намоянд.
2. Раддия ҳамеша бояд ба таври возеҳ изҳор карда шавад.
3. Сар задани даъво аз ҷониби гумоштаи дипломатӣ ё шахсе, ки тибқи моддаи 37 аз масуният аз таъқибот бархӯрдор аст, ӯро аз ҳуқуқи истинод ба масуният аз таъқибот нисбати даъвоҳои ҷавобие, ки бевосита ба даъвои асосӣ алоқамандӣ дорад, озод мекунад.
4. Рад кардани масуният аз таъқибот нисбати парвандаи шаҳрвандӣ ё маъмурӣ маънии рад кардани масунияти иҷрои қарорро надорад ва барои ин раддияи махсус зарур аст.
Моддаи 33
1. Бо риояи муқаррароти банди 3 моддаи мазкур, қоидаҳои оид ба таъминоти иҷтимоие, ки дар давлати пазиранда амал мекунанд ба гумоштаи дипломатӣ барои хизматҳои давлатитаъйинкунанда анҷомдодааш татбиқ намешаванд.
2. Истиснои дар банди 1 моддаи мазкур ба коркунони хонагие, ки танҳо дар хизмати гумоштаи дипломатӣ мебошанд, бо шартҳои зерин татбиқ мешаванд:
а) онҳо шаҳрванди давлати пазиранда намебошанд ё дар он доимӣ истиқомат намекунанд;
б) нисбат ба онҳо қоидаҳои оид ба таъминоти иҷтимоие, ки дар давлати таъйинкунанда ё давлати сеюм амал мекунанд, татбиқ мешаванд.
3. Гумоштаи дипломатие, ки шахсони аз истиснои банди 2-юми моддаи мазкур баҳраманд набударо киро мекунад, бояд уҳдадориҳои бо муқаррароти таъминоти иҷтимоии ба зиммаи корфармо гузошташавандаро, ки дар давлати пазиранда амал мекунад, иҷро намояд.
4. Истисноҳои дар бандҳои 1 ва 2 моддаи мазкур пешбинишуда ба иштироки ихтиёрӣ дар сохтори таъминоти иҷтимоии давлати пазиранда монеъ намешавад, ба шарте ки чунин иштирокро ин давлат имконпазир шуморад.
5. Муқаррароти моддаи мазкур ба созишномаҳои дуҷониба ё бисёрҷонибае, ки қаблан дар бобати таъминоти иҷтимоӣ баста шуда буданд, таъсир намерасонанд ва барои дар оянда бастани чунин созишномаҳо монеъ намешаванд.
Моддаи 34
Гумоштаи дипломатӣ аз ҳамаи андозҳо, боҷу хироҷи хусусӣ ва молумулкӣ, давлатӣ, ноҳиявӣ ва маҳаллӣ ба истиснои мавридҳои зерин озод аст:
а) андозҳои ғайримустақим, ки одатан ба арзиши мол ё хизматрасонӣ ҳамроҳ карда мешаванд;
б) андозу хироҷҳо аз молу мулки ғайриманқули хусусии воқеъ дар қаламрави давлати пазиранда, ба шарте ки ӯ ба онҳо аз номи давлати таъйинкунанда ба мақсадҳои намояндагӣ соҳибӣ накунад;
в) андози мерос ва боҷи меросбарӣ, ки давлати пазиранда мегирад, бо истисноҳои дар банди 4 моддаи 39 пешбинишуда;
г) хироҷу андозҳо аз даромади хусусӣ, ки сарчашмаи он дар давлати пазиранда аст ва андозҳо аз сармоягузорӣ ба коргоҳҳои тиҷоратӣ дар давлати пазиранда;
д) хироҷҳои аз намудҳои мушаххаси хизматрасонӣ ситонидашаванда;
е) боҷҳои бақайдгирӣ, додгоҳӣ ва феҳристӣ, хироҷҳои раҳнӣ ва нишонӣ нисбати молумулки ғайриманқул бо истисноҳои дар моддаи 23 пешбинишуда.
Моддаи 35
Давлати пазиранда вазифадор аст, ки гумоштаи дипломатиро аз ҳама уҳдадориҳои меҳнатӣ ва давлатӣ, новобаста аз хусусияти онҳо ва ҳамчунин аз уҳдадориҳои ҳарбӣ ба мисли мусодира, ғаромат ва иқомати сарбозхона озод намояд.
Моддаи 36
1. Давлати пазиранда тибқи қонуну қоидаҳои худ ба ворид кардани ашёи зерин иҷозат медиҳад ва аз ҳамаи боҷҳои гумрукӣ, андозҳо ва хироҷҳои вобаста ба ин, ба истиснои хироҷҳои амонатдорӣ, борбарӣ ва хизматрасониҳои ба ин монанд, озод менамояд:
а) ашёи таъйиноти истифодаи расмии намояндагӣ;
б) ашёи таъйиноти истифодаи шахсии гумоштаи дипломатӣ ё аъзои оилааш, ки дар якҷоягӣ бо гумоштаи дипломатӣ истиқомат мекунанд, аз ҷумла ашёи таъйиноти бисоти хона.
2. Бағоҷи шахсии гумоштаи дипломатӣ аз тафтиш озод карда мешавад, агар асосҳои ҷиддӣ бар гумони вуҷуд доштани ашёе набошад, ки ба онҳо истисноҳои дар банди 1 моддаи мазкур номбаршуда татбиқ намешаванд ё ашёе, ки ворид кардан ё содир намудани онҳо мутобиқи қонун манъ шудааст ё бо қоидаҳои карантинии давлати пазиранда ба танзим дароварда мешавад. Чунин тафтиш бояд танҳо дар ҳузури гумоштаи дипломатӣ ё намояндаи ваколатдори ӯ сурат гирад.
Моддаи 37
1. Аъзои оилаи гумоштаи дипломатӣ, ки якҷоя бо ӯ истиқомат мекунанд, агар шаҳрванди давлати пазиранда набошанд, аз имтиёзу масуниятҳои дар моддахои 29-36 пешбинишуда бархӯрдоранд.
2. Аъзои ҳайати маъмурӣ-техникии намояндагӣ ва аъзои оилаашон, ки якҷоя бо онҳо зиндагӣ мекунанд, агар шаҳрванди давлатӣ пазиранда набошанд ё дар он иқомати доимӣ надошта бошанд, аз имтиёзу масуниятҳои дар моддаҳои 29-35 пешбинишуда бархӯрдоранд, ба истиснои он, ки қазовати шаҳрвандӣ ва маъмурии давлати пазиранда, ки дар банди 1 моддаи 31 зикр ёфтааст, ба амалҳои берун аз иҷрои вазифаҳои хизматии онҳо татбиқ намешаванд. Онҳо инчунин нисбат ба ашёи қаблан харидорӣ намудаашон аз масунияти дар банди 1 моддаи 36 дарҷгардида бархӯрдоранд.
3. Аъзои ҳайати хизматрасонии намояндагӣ, ба шарте ки шаҳрванди давлати пазиранда набошанд ё дар он иқомати доимӣ надошта бошанд, нисбат ба амалҳои ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ иҷрокардаашон аз имтиёзҳо истифода мебаранд ва аз пардохти андозҳо ва боҷу хироҷ бобати музде, ки аз хизмати худ мегиранд, озоданд, инчунин аз озодиҳои дар моддаи 33 зикрёфта бархӯрдоранд.
4. Коркунони хусусии хонагии кормандони намояндагӣ, агар шаҳрванди давлати пазиранда набошанд ё дар он иқомати доимӣ надошта бошанд, аз пардохти андозҳо ва боҷу хироҷ бобати музде, ки аз хизмати худ мегиранд, озоданд. Дар дигар мавридҳо онҳо метавонанд аз имтиёзу масуниятҳо то ҳадде, ки давлати пазиранда иҷозат медиҳад, истифода намоянд. Аммо давлати пазиранда бояд қазовати худро нисбат ба ин шахсон тавре амалӣ гардонад, ки он ба иҷрои вазифаҳои намояндагӣ монеъ нагардад.
Моддаи 38
1. Гумоштаи дипломатӣ, ки шаҳрванди давлати пазиранда мебошад ва ё дар он иқомати доимӣ дорад, ба ҷуз имтиёзу масуниятҳои иловагие, ки давлати пазиранда метавонад муҳайё намояд, танҳо аз масуният аз таъқибот ва дахлнопазирӣ нисбат ба амалиёти расмии дар аснои иҷрои вазифаҳои худ содиркарда бархӯрдор аст.
2. Аъзои дигари ҳайати намояндагӣ ва коркунони хусусии хонагӣ, ки шаҳрванди давлати пазиранда мебошанд ва ё дар он иқомати доимӣ доранд, то ҳудуде, ки давлати пазиранда иҷозат медиҳад, аз имтиёзу масуниятҳо бархӯрдоранд. Аммо давлати пазиранда бояд қазовати худро нисбат ба ин шахсон тавре амалӣ гардонад, ки он ба иҷрои вазифаҳои намояндагӣ монеъ нагардад.
Моддаи 39
1. Ҳар як шахсе, ки дорои ҳуқуқи имтиёзу масуниятҳо мебошад, аз лаҳзаи ба қаламрави давлати пазиранда барои қабули вазифаи худ ворид шудан ва агар ӯ дар ин кишвар қарор дошта бошад, аз лаҳзаи ба вазорати корҳои хориҷӣ ё дигар вазорате, ки нисбати он мувофиқат ҳосил гаштааст, дар бораи таъйин шуданаш хабар додан, аз ин ҳуқуқ истифода мебарад.
2. Агар муҳлати вазифаи шахси дорои имтиёз ва масуният ба итмом расад, ин имтиёз ва масуният ба таври муътадил аз лаҳзае, ки ӯ кишварро тарк мекунад ё пас аз он, ки муддати муносибе барои иҷрои ин амал мегузарад, қатъ меёбанд, вале онҳо дар ин муддат ҳатто дар сурати муноқишаи мусаллаҳона низ амал мекунанд. Аммо масуният нисбат ба амалҳои чунин шахс, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматияш ҳамчун корманди намояндагӣ содир шудаанд, боқӣ мемонад.
3. Дар сурати марги корманди намояндагӣ аъзои оилаи ӯ то интиҳои муддати муносиб барои тарки давлати пазиранда аз имтиёзу масуниятҳое, ки ба онҳо ҳақ доранд, бархӯрдор мебошанд.
4.Дар сурати марги корманди намояндагӣ, ки шаҳрванди давлати пазиранда набуд ё дар он иқомати доимӣ надошт ё марги яке аз аъзои оилааш, ки бо ӯ якҷоя зиндагӣ мекард, давлати пазиранда бояд барои баровардани молҳои манқули шахси фавтида, ба истиснои молу мулке, ки дар ин кишвар харида шуда, баровардани он то дами марги ӯ манъ карда шуда буд, иҷозат диҳад. Андоз аз мерос ва боҷҳо барои меросгирӣ аз молу мулки манқуле, ки мавҷудияти онҳо дар давлати пазиранда танҳо бо иқомати шахси фавтида дар ин кишвар ба сифати корманди намояндагӣ вобастагӣ дорад, ситонида намешаванд.
Моддаи 40
1. Агар гумоштаи дипломатӣ ҳангоми азимат барои ишғоли вазифаи хизматӣ ё бозгашт ба маҳалли намояндагӣ ва ё рафтан ба кишвари худ қаламрави давлати сеюмро убур намояд, ки он ба вай аз рӯйи зарурат раводид додааст ва ё дар қаламрави он қарор дошта бошад, ин давлати сеюм дахлнопазирии вайро таъмин намуда, дигар масунияти барои убур ва бозгашт заруриро фароҳам меорад. Ин қоида ҳамчунин ба ҳамаи аъзои оилаи гумоштаи дипломатӣ, ки аз имтиёзу масуният бархӯрдоранд, ҳангоми сафари якҷоя бо ӯ ва ё алоҳидагӣ барои ҳамроҳшавӣ ба ӯ ё бозгашт ба кишвари худ татбиқ мегардад.
2. Давлатҳои сеюм дар ҳолатҳои монанд ба муқаррароти банди 1 моддаи мазкур ҳангоми аз қаламрави онҳо убур кардани аъзои ҳайати маъмурию-техникӣ ё хизматрасонии намояндагӣ ва аъзои оилаи онҳо набояд монеае ба вуҷуд оваранд.
3. Давлатҳои сеюм бояд барои мукотиба ва дигар иттилооти расмӣ, аз ҷумла номаҳои рамзӣ ё бо аломатҳои шартӣ иҷрошуда, ки аз қаламрави онҳо мегузарад, бояд ҳамон озодӣ ва ҳимояеро таъмин намоянд, ки давлати пазиранда барои онҳо таъмин кардааст. Онҳо барои қосидҳои дипломатӣ, ки аз рӯйи зарурат барои онҳо раводид додааст ва почтае, ки қаламрави онҳоро убур мекунад, бояд ҳамон дахлнопазирӣ ва масуниятҳоеро, ки давлати пазиранда додааст, таъмин намоянд.
4. Уҳдадориҳои давлатҳои сеюм, ки бо бандҳои 1, 2 ва 3 моддаи мазкур пешбинӣ шудаанд, ба шахсони дар ин бандҳо зикршуда ва иттилооти расмӣ ва почтаи дипломатие, ки ҳолатҳои ғайричашмдошт (форс-мажор) боиси дар қаламрави давлати сеюм қарор доштани онҳо гардидаанд, низ татбиқ мешаванд.
Моддаи 41
1. Ҳамаи шахсоне, ки аз имтиёзу масуниятҳо бархӯрдоранд, бидуни таъсире ба чунин имтиёзу масунияташон, ӯҳдадоранд қонуну қарорҳои давлати пазирандаро эҳтиром намоянд. Онҳо ҳамчунин ӯҳдадоранд, ки ба корҳои дохилии ин давлат дахолат накунанд.
2. Ҳамаи корҳои расмӣ бо давлати пазиранда, ки аз тарафи давлати таъйинкунанда ба зиммаи намояндагӣ вогузор шудааст, бояд бо вазорати корҳои хориҷии давлати пазиранда ё аз тариқи ин вазорат ва ё дигар вазорате, ки нисбат ба он мувофиқа ҳосил шудааст ё аз тариқи ин вазорати дигар сурат мегиранд.
3. Макони намояндагӣ набояд барои мақсадҳои мухолифи вазифаҳои намояндагӣ, ки тибқи Конвенсияи мазкур ё дигар меъёрҳои ҳуқуқи умумии байналмилалӣ ё ягон созишномаи махсуси миёни давлати таъйинкунанда ва давлати пазиранда пешбинӣ гаштаанд, истифода бурда шавад.
Моддаи 42
Гумоштаи дипломатӣ набояд дар давлати пазиранда ба мақсади фоидаи шахсӣ ба фаъолияти касбӣ ё тиҷоратӣ машғул шавад.
Моддаи 43
Вазифаҳои гумоштаи дипломатӣ аз ҷумла дар мавридҳои зерин қатъ мегарданд:
а) расидани иттилои давлати таъйинкунанда ба давлати пазиранда дар бораи қатъ гардидани вазифаҳои гумоштаи дипломатӣ;
б) расидани иттилои давлати пазиранда ба давлати таъйинкунанда дар бораи он, ки мувофиқи банди 2 моддаи 9 он гумоштаи дипломатиро ба сифати корманди намояндагӣ эътироф намекунад.
Моддаи 44
Давлати пазиранда ҳатто дар сурати муноқишаи мусаллаҳона ҳам, бояд барои ҳарчи зудтар рафтани шахсони дорои имтиёзу масуният, ки шаҳрванди давлати пазиранда намебошанд ва аъзои оилаи чунин шахсон, новобаста аз шаҳрвандии онҳо, мусоидати лозима намояд. Алалхусус, он бояд аз рӯйи зарурат воситаҳои наклиёти барои онҳо ва амволашон лозимро муҳайё созад.
Моддаи 45
Дар сурати қатъ намудани муносибатҳои дипломатӣ байни ду давлат ё бозхонди муваққатӣ ё қатъии намояндагӣ:
а) давлати пазиранда ҳатто дар сурати муноқишаи мусаллаҳона ҳам бояд биноҳои намояндагӣ ва ҳамчунин молу мулк ва бойгониҳои онро эҳтиром ва ҳимоя намояд;
б) давлати таъйинкунанда метавонад ҳимояи биноҳои намояндагии худро бо молу мулк ва бойгониҳои он ба давлати сеюме, ки барои давлати пазиранда мақбул бошад, вогузор намояд;
в) давлати таъйинкунанда метавонад ҳимояи манфиатҳои худ ва манфиатҳои шаҳрвандонашро ба давлати сеюме, ки барои давлати пазиранда мақбул бошад, вогузор намояд.
Моддаи 46
Давлати таъйинкунанда бо ризоияти пешакии давлати пазиранда ва бо хоҳиши давлати сеюме, ки дар давлати пазиранда намояндагӣ надорад, метавонад муваққатан ҳимояи манфиатҳои ин давлати сеюм ва шаҳрвандони онро ба дӯши худ гирад.
Моддаи 47
1. Давлати пазиранда ҳангоми татбиқи муқаррароти Конвенсияи мазкур набояд байни давлатҳо ба ягон гуна табъиз роҳ диҳад.
2. Ҳолатҳои зерин табъиз ҳисобида намешаванд:
а) агар давлати пазиранда яке аз қоидаҳои Конвенсияи мазкурро ҳамчун чораи ҷавобӣ дар сурати маҳдудан татбиқ шудани ин қоида дар давлати таъйинкунанда нисбат ба намояндагии вай, дар шакли маҳдуд истифода барад;
б) агар давлатҳо дар асоси урфу одат ё аз тариқи мувофиқа реҷаи муносибтар назар ба муқаррароти Конвенсияи мазкурро мутақобилан ба якдигар муҳайё созанд.
Моддаи 48
Конвенсияи мазкур барои имзои ҳамаи давлатҳои аъзои Созмони Милал Муттаҳид ё муассисаҳои тахассусӣ, давлатҳои иштирокчии Оинномаи Суди Байналмилалӣ ва инчунин ҳамаи дигар давлатҳое, ки барои иштирок дар Конвенсия аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Милал Муттаҳид даъват шудаанд, то 31 декабри соли 1961 дар Вазорати федералии корҳои хориҷии Австрия ва баъдан то 31 марти соли 1962 дар муассисаҳои марказии Созмони Милал Муттаҳид кушода аст.
Моддаи 49
Конвенсияи мазкур барои ба тасвиб расонидан воҷиб аст. Эътиборномаҳои тасвиб барои маҳфуздорӣ ба Котиби Генералии Созмони Милал Муттаҳид супорида мешаванд.
Моддаи 50
Конвенсияи мазкур барои ҳамроҳшавии ҳамаи давлатҳои мутааллиқ ба яке аз чор гурӯҳи дар моддаи 48 номбаршуда кушода аст. Санадҳо дар бораи ҳамроҳшавӣ барои маҳфуздорӣ ба Котиби Генералии Созмони Милал Муттаҳид супорида мешаванд.
Моддаи 51
1. Конвенсияи мазкур дар рӯзи сиюми баъди ба Котиби Генералии Созмони Милал Муттаҳид барои маҳфуздорӣ супорида шудани бисту дуюмин эътиборномаҳои тасвиб ё санадҳои ҳамроҳшавӣ эътибор пайдо менамояд.
2. Нисбат ба ҳар як давлате, ки баъди супорида шудани бисту дуюмин эътиборномаи тасвиб ё санади ҳамроҳшавӣ Конвенсияи мазкурро тасдиқ менамояд, Конвенсия дар рӯзи сиюми баъди аз ҷониби ин давлат супорида шудани эътиборномаи тасвиб ё санади ҳамроҳшавӣ эътибор пайдо мекунад.
Моддаи 52
Котиби Генералии Созмони Милал Муттаҳид ҳамаи давлатҳои мутааллиқ ба яке аз чор гурӯҳи дар моддаи 48 номбаршударо дар бораи содир шудани амалҳои зерин огоҳ мекунад:
а) имзои Конвенсияи мазкур ва барои маҳфуздорӣ супорида шудани эътиборномаҳои тасвиб ё санадҳои ҳамроҳшавӣ мувофиқи моддаҳои 48, 49 ва 50;
б) дар бораи таърихи эътибор пайдо кардани Конвенсияи мазкур мувофиқи моддаи 51.
Моддаи 53
Нусхаи аслии Конвенсияи мазкур, ки матнҳои он ба забонҳои русӣ, англисӣ, испанӣ, хитоӣ ва фаронсавӣ эътибори яксон доранд, барои маҳфуздорӣ ба Котиби Генералии Созмони Милал Муттаҳид супорида мешаванд ва ӯ нусхаҳои тасдиқгардидаи онро ба ҳамаи давлатҳои мутааллиқ ба яке аз чор гурӯҳи дар моддаи 48 дарҷгардида мефиристад.
Барои тасдиқи он, имзокунандагони зерин, ки аз тарафи ҳукуматҳои худ ба таври лозима мукаллаф шудаанд, Конвенсияро имзо намуданд.
Дар Вена ҳаждаҳуми апрели соли ҳазору нуҳсаду шасту як содир гашт.
*****************************************************************
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияро 11 марти соли 1996 ба тасвиб расонид. Эътиборномаи тасвиби Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 майи соли 1996 ба Котиби Генералии Созмони Милал Муттаҳид супорида шуд.
Конвенсия барои Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 июни соли 1996 эътибор пайдо кард.