Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) созмони байналмилалӣ буда, дар таъсис ёфтани он пеш аз ҳама фаъолияти «Панҷгонаи Шанхай», ки дар асоси Созишномаҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Федератсияи Россия ва дар бораи таҳкими чораҳои боварӣ дар соҳаи ҳарбӣ дар минтақаи сарҳад аз соли 1996 ва дар бораи ихтисори муштараки қувваҳои мусаллаҳ дар минтақаи сарҳад аз соли 1997 ташкил шуда буд, замина гузоштааст.
15 июни соли 2001 дар Шанхай вохӯрии Сарони давлатҳо доир гардид, ки дар он изҳороти муштарак дар бораи қабули Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба «Панҷгонаи Шанхай» қабул шуда, Эъломия дар бораи таъсис додани СҲШ ба имзо расид.
Сентябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе дар рафти ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ Тартиби додани мақоми давлати аъзо тасдиқ гардид, ки имконияти ҳамроҳшавии дигар кишварҳоро ба Созмон фароҳам овард. Дар асоси ин ҳуҷҷат июни соли 2017 дар ш.Остона дар рафти ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ Ҳиндустон ва Покистон ба аъзогии Созмон пазируфта шуданд.
Котиботи СҲШ ва Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии (СМЗТ) СҲШ мақомот (сохторҳо)-и доимоамалкунандаи Созмон буда, аз моҳи январи соли 2004 фаъолияти худро шуруъ намудаанд. Котиботи СҲШ дар шаҳри Пекин ва Кумитаи иҷроияи СМЗТ дар шаҳри Тошканд қарор доранд.
Айни замон Созмон аз ҳашт давлати аъзо (Ҷумҳурии Ҳиндустон, Ҷумҳурии Қазоқистон,Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон), чаҳор давлати нозир (Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Муғулистон) ва шаш давлати шарикони мусоҳибавӣ (Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Арманистон, Шоҳигарии Камбоҷа, Ҷумҳурии Федеративии Демократии Непал, Ҷумҳурии Туркия ва Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка) иборат мебошад.
Забонҳои расмӣ ва кории СҲШ – русӣ ва чинӣ ба ҳисоб мераванд.
СҲШ, ки қаламрави бузург ва доираи васеи ҳамкориҳои минтақавиро дар бар мегирад, шакли нави ҳамкории давлатҳои аз нуқтаи назари сохтори сиёсӣ, иқтидори иқтисодӣ ва фарҳангӣ гуногун ба шумор меравад. Масоҳати умумии давлатҳои аъзои СҲШ тахминан 34,3 млн. км. мураббаъ ва ҷамъи аҳолии онҳо зиёда аз 3,6 млрд. нафар ё 43,8% аҳолии умумии курраи заминро ташкил медиҳанд.
Ҳадафҳои асосии СҲШ инҳоянд: таҳкими боварии мутақобилан судманд ва ҳамсоягии неки кишварҳои аъзо; мусоидат ба ҳамкории самарабахш дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ, техникӣ ва фарҳангӣ, инчунин дар соҳаи маориф, энергетика, нақлиёт, туризм, ҳифзи муҳити зист ва ғайра; таъмини якҷоя ва таъмини сулҳ, амният ва субот дар минтақа; пешравӣ дар ташкили тартиботи демократӣ, одилона ва оқилонаи байналмилалӣ дар соҳаи сиёсӣ ва иқтисодӣ.
Яке аз самти муҳими СҲШ ин мубориза ба муқобили терроризм, сепаратизм, экстремизм ва ҳама гуна зуҳуроти онҳо мебошад. СМЗТ СҲШ бо мақсади фаъолияти бонизом ва мақсаднок дар ин соҳа таъсис ёфтааст. Дар доираи СҲШ пайваста машқҳои зиддитеррористӣ гузаронида мешаванд. Бояд қайд кард, ки яке аз ин машқҳои фармондеҳӣ-ситодӣ “Норак - зиддитеррор” 17-19 апрели соли 2009 дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар доираи ҳамкориҳои ҳарбӣ машқҳои муштараки ҳарбии зидди террористии давлатҳои аъзои СҲШ «Мирная миссия - 2012» 8 - 14 июни соли 2012 дар машқгоҳи «Чорух-Дайрон» вилояти Суғд бо иштироки қисмҳои низомии давлатҳои аъзои СҲШ баргузор гардид.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз давлатҳои таъсисдиҳанда ва иштирокчии фаъоли СҲШ мебошад, дар Шӯрои сарони давлатҳо (дар солҳои 2008 ва 2014) ва Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои СҲШ (солҳои 2006, 2010, 2018) раёсатро ба уҳда дошт.
Қобил ба зикр аст, ки мутобиқи муқаррароти СҲШ, соли 2020 раёсат дар СҲШ аз Федератсияи Русия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳад гузашт. Мутаносибан иҷлоси ҷашнии сарони кишварҳои узви СҲШ соли 2021 дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд. Соли 2021 ба таъсис ёфтани СҲШ 20 сол пур мегардад.
Кишвари мо омодагиро ҷиҳати пазируфтани раёсат дар СҲШ дар солҳои 2020-2021 оғоз намуда, ният дорад, ки дар рушди минбаъдаи созмон саҳми арзанда гузорад.
Дар ин робита, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи тадорукотиро ҷиҳати омодагӣ ва баргузории нишасти ҷашнии Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе таҳти роҳбарии Сарвазири кишвар таъсис додааст, ки он ҳоло фаъолона кор мекунад.
Дар давраи раёсати худ Тоҷикистон ният дорад, ки барои таъмини амният ва субот, таҳкими равобити тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ дар паҳнои СҲШ кӯшиш ба харҷ диҳад.
Новобаста аз навтаъсис будан, тибқи ченакҳои байналмилалӣ, СҲШ дар давоми мавҷудияти хеш худро ҳамчун майдончаи босамари мубодилаи афкор, коркарди мавқеъҳои муштарак ва ҳамоҳанг сохтани нуқтаи назари гуногун нишон дода, вобаста ба талаботҳои замони муосир мақсаду вазифаҳои доштаашро такмил хоҳад дод.