Мулоқоти мизбонони Конфронси СММ оид ба об дар соли 2023 бо Президенти иҷлоси 77-уми Маҷмаи Умумии СММ

20.10.2022 14:43

19 октябри соли 2022 мулоқоти мизбонони Конфронси СММ оид ба об дар соли 2023 (22-24 март, Ню-Йорк), Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат ва Намояндаи доимии Шоҳигарии Нидерландия дар СММ Ёка Брандт бо Президенти иҷлоси 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид Чаба Корошӣ доир гардид.

Меҳвари суҳбатро масъалаи омодагӣ ба Конфронси 2023, ки 24-25 октябри соли ҷорӣ дар қароргоҳи СММ доир мегардад, ташкил кард. Бояд қайд кард, ки дар ин чорабинӣ мавзӯъҳои муколамаи интерактивии Конфронси 2023 ниҳоӣ хоҳанд шуд.

Дафтари Президенти МУСММ омодагии худро ҷиҳати бомуваффақият баргузор намудани Конфронси 2023 бо мақсади татбиқи саривақтии Ҳадафҳои рушди устувор, ба вежа ҳадафи 6-уми он ва дастгирии мизбонони Конфронс дар ин раванд изҳор намуд.

20,10,2022,14,49.png

 

Нигористон

Тақвим