18-19 октябри соли 2022 дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо” дар Маҷмааи “Кохи Сомон” барои меҳмонон намоишгоҳ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур сохторҳои дахлдори давлатӣ ва ниҳодҳои байналмилаливу минтақавӣ фаъолияту дастовардҳои худро дар самти пешгирӣ ва муқовимат ба терроризм ва таъмини амнияти сарҳадӣ муаррифӣ намуданд.
Гӯшаи Вазорати корҳои хориҷӣ бо маводи нишастҳои қаблии сатҳи баланд дар доираи “Раванди Душанбе”, китобу нигораҳо, аксҳо ва дигар лавозимоти қобили таваҷҷуҳ ороиш шуд. Ҳамчунин аз мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ ва табиии кишвар сабти видеоӣ пахш гардид.