Мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дабири кулли СААД

18.10.2022 17:59

18 октябри соли 2022 дар рафти Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо” вохӯрии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Станислав Зас баргузор гардид.  

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои омодагӣ ба ҷаласаҳои навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ, Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои вазирони мудофи ва Кумитаи котибони шӯроҳои амнити СААД-ро баррасӣ карда, дар бораи чолишҳо ва таҳдидҳо ба минтақаҳои амнияти дастаҷамъӣ табодули афкор намуданд.

18-10-2022-18-00.jpg

 

Нигористон

Тақвим