Вохӯрӣ бо маъмури Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид

26.09.2022 14:56

24 сентябри соли 2022 дар ҳошияи “Ҳафтаи сатҳи баланд”-и иҷлоси 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк вохӯрии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо маъмури Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) Ахим Штайнер баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳои масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Барномаи рушди СММ ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки ин ниҳоди СММ дар кишвар тибқи Санади барномаҳои кишварӣ барои солҳои 2023-2026, ки чанде пеш аз ҷониби Шӯрои иҷроияи БРСММ тасдиқ гардид, мавриди баррасӣ қарор доданд.

Мусоҳибон, инчунин атрофи ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об, Конфронси оби СММ-2023 ва конфронси дарпешбудаи муқовимат бо терроризм дар Душанбе мубодилаи афкор карданд.

А. Штайнер аз сатҳи ҳамкорӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ҷиҳати пешбурди авлавиятҳои Тоҷикистон дар самти рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ омодагии ниҳоди зертобеашро изҳор кард. 


Созмони Миллали Мутаҳид

Нигористон

Тақвим