Вохӯрии cафир бо Раиси Сенати Миср

07.09.2022 10:00

6 сентябри соли 2022 cафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср Заробиддин Қосимӣ бо Раиси Сенати Миср Абдулваҳҳоб Абдуррозиқ мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ масоили густариши ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвари дӯст, ба вижа ташкил ва тавсеаи робитаҳои судбахши байнипарлумонӣ баррасӣ шуд.

Таваҷҷуҳ ва ҳавасмандии зиёд ба фаъол намудани гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ, табодули сафарҳо ва омӯзиши таҷриба ва маҳоратҳои касбии ду ҷониб зоҳир гардид.

07.08.2022..jpg

 

 

Нигористон

Тақвим