Мулоқоти вазири корҳои хориҷӣ бо роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон

26.08.2022 13:41

26 августи соли 2022 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мэрилин Йосефсонро ба ҳузур пазируфт.

Ҷонибҳо сатҳи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, инчунин мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми тарафайнро баррасӣ намуданд.

Вазири корҳои хориҷӣ ба хонум Йосефсон барои саҳми арзандааш дар густариш ва таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо изҳори сипос намуд.

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер: twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa.tajikistan

Нигористон

Тақвим