Ташхис ва такмили заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистон ва Туркия

25.08.2022 09:42

23-24 августи соли 2022 дар шаҳри Анқара машваратҳо байни вазоратҳои корҳои хориҷӣ оид ба ташхис ва такмили заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистон ва Туркия баргузор гардиданд.

Ҷонибҳо номгӯи ягонаи санадҳои байналмилалии дуҷониба ва дигар ҳуҷҷатҳоеро, ки дар баррасии якдигар қарор доранд, муҳокима карданд.

Ҳамзамон, оид ба дурнамо ва тақвияти ҳамкориҳо миёни вазоратҳои корҳои хориҷӣ дар таҳияи шартномаҳои байналмилалии дуҷониба, дигар санадҳои ҳуқуқӣ ва самти маҳфуздорӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер: twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa.tajikistan

25.08.2022.8.46.jpeg

 

Нигористон

Тақвим