Муносибатҳои Тоҷикистон бо Салтанати Умон

01.03.2013 10:10

Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Салтанати Умон 15 ноябри 2007 барқарор шудаанд.

29 октябри 2018 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдзода Зубайдулло ҳамзамон Сафири ғайримуқими Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон таъин гардид.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Салтанати Умон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид ибн Аҳмад ибн Холид Ал-Барованӣ (аз 10 марти 2015).

Вазири корҳои хориҷии Салтанати Умон  Юсуф ибни Алавӣ барои иштирок дар Ҷаласаи 37-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони конфронси исломӣ 17 – 20 майи 2010 ба Тоҷикистон ташриф оварда, мулоқоти ӯ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

2 марти 2019 дар ҳошияи ҷаласаи 46-уми Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ, дар Абу Забӣ мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Султонати Умон Юсуф бин Алавӣ доир гардид, ки зимни он ҷонибҳо масоили муҳумми дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Нигористон

Тақвим