Вохӯрӣ бо фаъолони диаспора ва роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон муқими шаҳри Алмаато

24.08.2022 11:39

22 августи соли 2022 вохӯрии Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Алмаато Равшан Бобохонзода бо фаъолони диаспора ва роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими шаҳри Алмаато баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ бо ҳамватанони бурунмарзӣ Консули генералӣ оид ба ҳадафи чоруми стратегии кишвар ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эълон намудани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” маълумот дода, онҳоро барои рушди саноатикунонии кишвар, саҳмгузорӣ дар таъсиси корхонаҳои муштарак ва масъалаи ҷалби сармоя ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъват ба амал овард.

Фаъолони диаспора ва роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими шаҳри Алмаато зимни суҳбат, пешниҳодҳои мушаххаси худро ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур намуданд.

24,08,2022,11,42.jpg

24,08,2022,13,24.jpg

Нигористон

Тақвим