Вохӯрӣ бо сафири Ҷумҳурии Қирғизистон

23.08.2022 09:39

22 августи соли 2022 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Имомӣ сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Абдилдаевро бо дархости ӯ ба ҳузур пазируфт.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Инчунин ҷонибҳо доир ба ҳамкориҳои бисёрҷониба дар ҳошияи созмонҳои байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.

 

Нигористон

Тақвим