Машваратҳои сиёсӣ миёни Тоҷикистон ва Исроил

18.08.2022 14:32

18 августи соли 2022 даври навбатии машваратҳои сиёсӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Исроил баргузор гардид.

Ҳайатҳои тарафҳоро муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода ва муовини мудири кулли Вазорати корҳои хориҷии Давлати Исроил Симона Халперин роҳбарӣ карданд.

Дар рафти машваратҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, илмию фарҳангӣ, энергетика, кишоварзӣ ва сайёҳӣ, инчунин ҳамкориҳои ду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

 

Нигористон

Тақвим