Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ироқ 30 ноябри 1995 барқарор шуданд. Ироқ истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро 11 январи 1992 ба расмият шинохт.
19 октябри 2018 Зубайдулло Зубайдзода cафири ғайримуқими Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ироқ таъйин гардид.
Дар Симпозиуми байналмилалии таҳти унвони «Мероси Абӯҳанифа ва аҳаммияти он дар муколамаи тамаддунҳо» (октябри 2009) Аҳмад Ҳасанат-Тоҳа Имоми масҷиди ҷомеъи Имоми Аъзами Бағдод иштирок кард.
Дар чорабиниҳои байналмилаливу минтақавӣ, ки дар Тоҷикистон баргузор гардиданд, аз ҷумла ҷаласаи 37-уми Шурои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони конфронси исломӣ (Душанбе, 18-20 майи соли 2010), Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба баррасии фарогири рафти татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», 2005-2015 (Душанбе, 7-10 июни 2010), Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон (15-16 октябри соли 2017) ва Конфронси байналмилалии сатҳи баланди “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” (ш.Душанбе, 3-4 майи соли 2018), Даҳсолаи байналмилалии "Об барои рушди устовр, солҳои 2018-2028" (10-13 июни соли 2024) намояндагони мақомоти марбутаи Ироқ иштирок намудаанд.
Бо дастгирии бевоситаи роҳбарони ду кишвар 30 апрели соли 2019, 84 тифли тоҷик тавассути ҳавопаймои махсус аз Бағдод ба Душанбе интиқол дода шуданд.
04.03.2025