2 августи соли 2022 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода сафири Ҷумҳурии Лаҳистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Радослав Грукро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва шарокат дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавиро баррасӣ намуданд.