Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар Тошканд

29.07.2022 17:34

28 июли соли 2022 дар шаҳри Тошканд дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Субраманяр Ҷайшанкар баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои муҳимми ҳамкориҳои Тоҷикистону Ҳиндустонро дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ ва ғайра баррасӣ карданд.

Ҷонибҳо ҳамчунин роҷеъ ба масъалаҳои рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби ниҳодҳои бисёрҷониба, аз ҷумла СҲШ табодули афкор анҷом доданд.

 

Мо дар Фейсбук: facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер: twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa.tajikistan

Нигористон

Тақвим