Вохӯрии Сафир бо Котиби давлатии Вазорати федеролии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон

16.07.2022 11:31

15 июли соли 2022 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон Имомудин Сатторов бо Котиби давлатии Вазорати федеролии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон (BMZ), вакили Бундестаг (SPD), Нилс Аннен мулоқот анҷом дод.

Тарафҳо аз густариши равобити ду кишвар дар бахшҳои мухталиф изҳори қаноатмандӣ карда, роҷеъ ба дурнамои тавсеаи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Олмон дар самтҳои иқтисод, сармоягузорӣ, тандурустӣ, энергетика, ҳамчунин рафти татбиқи лоиҳаҳои муштарак табодули назар карданд.

Дар ин робита Нилс Аннен қайд кард, ки ҷониби олмонӣ барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳо байни кишварҳо мусоидати худро дареғ нахоҳад дошт.

Ҳамчунин, вобаста ба масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкори созанда сурат гирифт.

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер: twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa.tajikistan

16,07,2022,11,34.jpg

 

Нигористон

Тақвим