Вохӯрӣ бо ҳокими вилояти Ҷамбул

12.07.2022 16:31

8 июли соли 2022 консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон Равшан Бобохонзода бо ҳокими вилояти Ҷамбул Нуржигитов Нуржан вохӯрӣ анҷом дод.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистонро дар сатҳи минтақаҳои ду кишвар дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ ва илму фарҳанг мавриди баррасӣ қарор доданд.

Қайд карда шуд, ки кишварҳо барои рушди ҳамкориҳо захираю имкониятҳои васеъ доранд. Дар ин замина, консулгарии генералӣ омодагии худро барои кумаки ҳамаҷониба дар рушду тавсеаи равобити байниминтақавӣ дар бахшҳои иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ ва илму фарҳанг баён намуд.

 

Нигористон

Тақвим