Иштирок дар сафари шиносоӣ-иттилоотӣ ба Бавария бо Президенти федеролӣ

08.07.2022 09:50

5 июли соли 2022 сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон Имомудин Сатторов ҳамроҳ бо Президенти федеролӣ Франк-Валтер Штайнмайер ва роҳбарони намояндагиҳои корпуси дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар Олмон ба устони федеролии Бавария сафар намуд.

Зимни сафар нахуст аз корхонаи “Leistritz AG”-и шаҳри Нрюнберг, ки фаъолияти он ба истеҳсоли  турбинаҳо, насосҳо, таҷҳизоти экструзӣ ва технологияи истеҳсолотӣ равона гардидааст, дидан карданд.

Ҳамзамон, роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ аз Пажӯҳишгоҳи илмии Ҳелмголтс Эрланген-Нюрнберг дар шаҳри Эрланген оид ​​ба нерӯи таҷдидпазир, аз Осорхонаи миллии Олмон ва дар шаҳри Нюрнберг мавзеъҳои таърихии шаҳри Бамберг боздид ба амал оварданд.

Маълумот: Шуруъ аз соли 1996 Президентҳои федеролӣ ҳар сол сафари шиносоӣ-иттилоотиро ҳамроҳ бо роҳбарони намояндагиҳои корпуси дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ба яке аз 16 устонҳои федеролӣ ташкил мекунанд. Ҳадафи чунин боздидҳо муаррифии Олмон ва гуногунии минтақаҳои он ба дипломатҳои хориҷӣ маҳсуб меёбад.

 

Нигористон

Тақвим