Мулоқот бо Мудири Шӯъбаи амалиётҳои Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ

05.07.2022 18:09

4 июли соли 2022 вохӯрии Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим бо Мудири Шӯъбаи амалиётҳои Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) Мива Като баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масоили таҳкими ҳамкорҳои Тоҷикистону UNODC дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҳамкорӣ ва ширкати сохторҳои марбутаи СММ дар татбиқи иқдомоти байналималии Тоҷикистон, инчунин тавсеаи ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Нигористон

Тақвим