Мизи мудаввар дар Пекин бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ

01.07.2022 18:05

30 июни соли 2022 дар шаҳри Пекин ба ифтихори Рӯзи ваҳдати миллӣ ва ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, инчунин таҷлили 16-умин иҷлосияи Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи “Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - меъмори сулҳ ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон” баргузор гардид.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Чин Саидзода Зоҳир Озод дар суханронии ифтитоҳии худ дар бораи саҳми Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат, ҳамчун меъмори сулҳ дар Тоҷикистон дар таъмин намудани сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар Ватан, ташаббусҳои ҷаҳонӣ ва дастовардҳои назарраси кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ, алалхусус тақвияти кунунии равобити Тоҷикистону Чин дар ростои 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ таъкид намуд.

Дар ҳошияи ин чорабинӣ дар шакли маҷозӣ муовини президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон профессор Муҳаммад Абдураҳмон ва сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаборов Маъруф, инчунин аз соири иштирокдорон дар шакли ҳузурӣ муовини котиби генералии Созмони Ҳамкории Шанхай Сохайл Хан, директори тадқиқоти Аврупои Донишгоҳи байналмилалии Чин Хан Лу, роҳбарияти муассисаи таълимии Россия, Аврупои Шарқӣ ва кишварҳои Осиёи Марказии Чин ва дигар муассисаҳои илмии ин кишвар суханронӣ карданд.

Ба ҳозирин филми мустанад дар бораи таърихи истиқлолияти кишвар ва саҳми беназири Пешвои миллат дар истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ, ба имзо расидани Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ, баргардонидани гурезагон ба Ватан, ташаккулёбии давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат дар арсаи байналмилалӣ ба таваҷҷуҳи меҳмонон манзур гардид.

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер: twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Нигористон

Тақвим