Рӯзҳои 28-30 июни соли 2022 дар шаҳри Таллин ҷаласаи муштараки Гурӯҳи корӣ оид ба идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об ва Гурӯҳи корӣ оид ба мониторинг ва арзёбӣ баҳшида ба 30-солагии Конвенсияи об баргузор гардид.
Дар доираи чорабинии мазкур 29 июни соли 2022 Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шӯъбаи СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева Ҷамшед Ҳомидов ба ширкаткунандагон натиҷаҳои Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”-ро муаррифӣ намуд.
Аз ҷумла, зикр гардид, ки Конфронси оби Душанбе чорабинии муҳимми ҷаҳонии тадорукотӣ ба Конфронси СММ (соли 2023 дар ш. Ню-Йорк таҳти раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд баргузор хоҳад шуд) ба ҳисоб рафта, мақсади асосии он дар мусоидат ҷиҳати ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор марбут ба об ва инчунин, муҳокимаи чораҳои минбаъда оид ба татбиқи Нақшаи Даҳсолаи амал дар сатҳҳои ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва миллӣ буд.