Ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ш.Алмаато

28.06.2022 17:41

27 июни соли 2022 бо ташаббуси Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Алмаато чорабинии тантанавии фарҳангӣ-варзишӣ бахшида ба 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур беш аз 700 нафар меҳмонон, аз ҷумла аз Ассамблеяи халқҳои Қазоқистон, роҳбарон ва фаъолони марказҳои фарҳангӣ, донишҷӯён, муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳамватанони бурунмарзӣ ва беш аз 80 нафар варзишгарон-гуштингирони тоҷик ширкат варзиданд.

Консули генералӣ Р.Бобохонзода зимни суханронӣ ширкаткунандагони чорабиниро бо ҷашни миллӣ табрику таҳният гуфта, аҳамияти сарнавиштсози ин рӯзро дар таърихи навини халқи тоҷик таъкид намуд. Махсусан қайд карда шуд, ки ваҳдати миллӣ ба шарофати фидокориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барқарору пойдор шудааст.

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер: twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Нигористон

Тақвим