Вохӯрӣ бо Котиби генералии Палатаи савдои Коҷаели

28.06.2022 17:31

27 июни соли 2022 вохӯрии Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Истанбул М. Саидзода бо Котиби генералии Палатаи савдои Коҷаели Мерт Анлипак баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо масоили дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Туркияро дар соҳаҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ мавриди баррасӣ қарор дода, роҷеъ ба роҳҳои таҳкими ҳамкорӣ ва танзими чорабиниҳои муштараки соҳавӣ миёни доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Туркия табодули афкор намуданд.

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер: twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

28-06-2022-17-29.jpg

 

Нигористон

Тақвим