Таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Киев

28.06.2022 15:10

25 июни соли 2022 дар Киев, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади ҷашнӣ баргузор намуд. Дар ҷамъомад намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими шаҳри Киев, вилоятҳои Одесса, Днепр, Полтава, Харков ва меҳмонони украинӣ иштирок доштанд.

Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина Давлаталӣ Назризода зимни баромади худ ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик намуда, роҷеъ ба аҳамияти иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон дар таърихи навин - давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон ибрози назар намуданд.

Инчунин Сафир дар бораи тараққиёти имрӯзаи ҷумҳурӣ, алалхусус, рафти амалишавии ҳадафҳои стратегие, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муайян кардаанд, маълумот дода, таъкид сохт, ки ҳамаи ин пешравиҳо ба туфайли ваҳдати ҷомеа ва сулҳу суботи кишвар ба даст омадаанд.

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер: twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Нигористон

Тақвим