13 июни 2022 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо Мудири (Ректор) Донишгоҳи Кувайт доктор Юсуф ар-Румӣ доир гардид.
Дар мулоқот роҳҳои густариши ҳамкориҳо дар соҳаи таълим, роҳандозии равобити мустақим байни муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Кувайт инчунин зиёд намудани бурсияҳо барои донишҷӯёни тоҷик аз рӯи ихтисосҳои зарурӣ баррасӣ гардиданд.