14-уми июни соли 2022 мулоқоти Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истанбул М. Саидзода бо Ректори Донишгоҳи Истанбул профессор, доктор Маҳмут АК баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ мавзӯъҳои густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Туркия дар соҳаи илму маориф, масъалаҳои марбут ба рушди муносибатҳои илмиву гуманитарӣ миёни донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва донишгоҳи мазкур, аз ҷумла мубодилаи академикӣ ҷиҳати омода намудани мутахассисон дар соҳаҳои мухталиф, имкони зиёд намудани бурсияҳо ва беҳтар намудани шароити таҳсили донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар донишгоҳи мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.