Ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО)

04.05.2022 14:32

Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) Форуми байналмилалӣ ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳо барои таъмини сулҳ, амният ва субот дар Осиё буда, он 5 октябри соли 1992 ташкил гардидааст.

МҲТБО аз 27 кишвари узв иборат буда, ҳамчунин 8 давлат ва 5 созмони нозирро доро аст. Тоҷикистон аз соли 1999 узви ин машварат мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои умдаро бо ин Машварат ба роҳ монда, солҳои 2018-2020 раисии онро ба уҳда дошт. Саммити 5-уми (МҲТБО) рӯзи 15 июни соли 2019 дар шаҳри Душанбе баргузор карда шуда, 24 сентябри соли 2020 зимни Ҷаласаи махсуси вазирони корҳои хориҷии МҲТБО раёсати ин ниҳодро барои давраи оянда ба Ҷумҳурии Қазоқистон супорид.

Аз соли 2020 Кайрат Сарибай вазифаи мудири иҷоияи МҲТБО-ро ба уҳда дорад.

 

Нигористон

Тақвим