22 апрели соли 2022 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар вохӯрии панҷуми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Русия дар қолаби видеоӣ ширкат варзид.
Роҳбарони мақомоти корҳои хориҷӣ перомуни масъалаҳои таъмини амнияти минтақавӣ дар шароити афзоишёбии чолишҳову таҳдиҳо ва вазъи мураккаб дар Афғонистон табодули афкор намуданд.
Гузашта аз ин, вазирон дурнамои ҳамкориҳои бисёрҷонибаро оид ба ҷонибдории ислоҳот ва тақвияти рушди пойдори минтақа мавриди муҳокима қарор дода, иқдомҳоро роҷеъ ба таъмини амнияти озуқаворӣ баррасӣ карданд.
Роҳбарони ҳайатҳо таваҷҷуҳи хосро ба дурнамои густариши муколамаи “соҳавӣ” дар қолаби Осиёи Марказӣ-Русия равона намуда, масоили ҳамкориҳоро дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавӣ, аз ҷумла ИДМ, СҲШ, СААД ва САҲА баррасӣ намуданд.