12 апрели 2022 дар ш. Тошканд мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Раҳмонзода бо Мудири Пажӯҳишгоҳи байлналмилалии Осиёи Марказии Ӯзбекистон А. Носиров доир гардид.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба густариши равобити Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва илму маориф табодули афкор намуданд. Ҳамчунин тарафҳо роҷеъ ба ташкил намудани конфронсҳои илмӣ дар иртибот ба таҷлили 30-солагии истиқрори робитаҳои дипломатӣ миёни ду кишвар ба мувофиқа расиданд.
Дар назар аст, ки чорабиниҳои илмии маҷозӣ миёни Пажӯҳишгоҳ ва муассисаҳои илмии Тоҷикистон Ӯзбекистон баргузор карда мешаванд
Сӯҳбат дар фазои дӯстона баргузор гардид.