Интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

14.02.2025 06:08

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад, ки 2 марти соли 2025 интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон (суроға: 〒141-0021, Tokyo, Shinagawa-ku, Kamioosaki 1-5-42) участкаи интихоботӣ ташкил карда мешавад ва участкаи мазкур аз соати 08:00 то соати 20:00 бо вақти маҳаллӣ фаъол хоҳад буд.

Барои иштирок дар интихобот бо худ доштани шиносномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур мебошад.

Gallery

Calendar

  • business-portal_thumb.jpg