ЭЪЛОН

02.10.2020 13:48

kmir-logo.png

Ҳамватанони азиз!

 Бо арзи эҳтиром ба таваҷҷуҳи шумо мерасонем, ки 11 октябри соли 2020 аз соати 08:00 то 20:00 дар бинои Сафорати  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Теҳрон,  интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.
            Дар ин робита, шумо ва аъзоёни оилаатонро, ки ба синни 18 сола расидаанд, барои иштирок дар маъракаи мазкур даъват менамоем.
           Иштирок дар интихобот ҳуқуқи шаҳрвандии ҳар нафарест, ки ба имрӯзу ояндаи ватани азизамон бетафовут нест. Марҳамат ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон!


Суроғаи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҶИЭ:
Теҳрон, шимоли Кохи Ниёварон, хиёбони шаҳид Зайналӣ,

кӯчаи сеюм, блоки 10, тел.: (+9821) 22299584, 22834650


Эзоҳ: Лутфан бо худ гирифтани ҳуҷҷати расмии тасдиқкунандаи шахсияти худро фаромӯш накунед. Сафорат тадбирҳои лозима ҷиҳати риояти дастурамалҳои беҳдоштӣ (аз ҷумла табсанҷӣ,  зиддиуфунӣ кардани дастҳо ва ҳуҷраҳои раъйдиҳӣ, пешниҳоди  ниқоб, дастпӯшак ва нигоҳ доштани масофаи иҷтимоӣ) ҳангоми раъйдиҳиро роҳандозӣ мекунад.

05-10-2020.jpg

 

Бо эҳтиром,

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар Ҷумҳурии исломии Эрон

 

 

Gallery

Calendar

  • business-portal_thumb.jpg