22 марти соли 2025 дар якҷоягӣ бо ассотсиатсияи тоҷикони Белгия дар шаҳри Брюссел, дар китобхонаи “MuntPunt” иди байналмилалии Наврӯз бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта шуд. Дар таҷлили он шаҳрвандон ва ҳамватанони муқими шаҳри Брюссел, инчунин дигар шахсони ҳавзаи Наврӯз иштирок намуданд.
Дар рафти чорабинӣ, кишварҳои иштирокдор гӯшаи фарҳангии худро оро доданд, ки дар қатори онҳо гӯшаи Тоҷикистон бо шириниҳои лазизи тоҷикӣ, тибқи анъанаҳои наврӯзӣ дастурхони “7 син ва 7 шин” ороста шуда, инчунин ҳунарҳои дастии қадимаи мардумӣ, аз қабили сӯзаниву гулдӯзӣ марази тамошобинон қарор дода шуд.