Тоҷикӣ | Русский | English  

Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 22-юмин Саммити иқтисодии кишварҳои АвруОсиё дар шаҳри Истамбул

Рӯзҳои 6-7 феврали соли 2019 бо ташаббуси Бунёди тадқиқоти стратегӣ ва иҷтимоии “Мармара” 22-юмин Саммити иқтисодии кишварҳои АвруОсиё дар шаҳри Истамбул баргузор гардид.

Дар кори саммит роҳбарони баъзе аз давлатҳои хориҷӣ, Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия, Муовини Президенти Туркия, аъзоёни ҳукумати кишвари иқомат, вакилони мардумӣ, инчунин доираи соҳибкорон, сармоягузорон ва намояндагони ширкатҳои бузург аз кишварҳои Аврупо ва Осиё иштирок доштанд.

 Саммит аз мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои иқтисод, сармоягузорӣ, обу энергетика,  илмӣ ва фановарӣ иборат буд.

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар саммит Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Ҷабборзода Г. муаррифӣ намуд.

Зимни суханронӣ Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо оид ба Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то давраи соли 2030, имкониятҳои сармоягузорӣ дар иқтисодиёти кишвар,  лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ, аз ҷумла оғози фаъолияти агрегати аввали Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, “CASA-1000”, минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар ва эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ маълумот дод.   

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj