Тоҷикӣ | Русский | English  

Вохӯрӣ дар Вазорати нақлиёи Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ

Дар таърихи 6 феврали соли ҷорӣ вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори кишвар дар Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Масуд Халифазода бо Тамара Гудвин – муовини Сарраёти хадамоти авиатсионӣ ва Саманта Шеридан – роҳбари бахши ҳамкориҳои дуҷонибаи Вазорати нақлиёти Британияи Кабир доир гардид.

Зимни вохӯрӣ мавзӯҳо вобаста ба имзо намудани Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Муттаҳидаи Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба дар самти авиатсияи гражданӣ,  баррасӣ гардиданд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj