Тоҷикӣ | Русский | English  

Маросими супоридани эътимоднома ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон

06 феврали соли 2019 Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон Хайрулло Ибодзода дар Кохи “Ақорда” ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев Эътимодномаи худро супорид.        

 Президенти Қазоқистон зимни муроҷиат ба сафирон, таҳким ва рушди муносибатҳои дустонаи байнидавлатиро муҳим арзёбӣ намуд. Аз ҷумла Сарвари Қазоқистон иброз дошт, ки Қазоқистон ба рушди муносибатҳои анъанавии мутақобилан судманд ва стратегӣ бо Тоҷикистон аҳамияти хосса дода, ба ҳамкориҳои Остона ва Душанбе дар дориаи чунин созмонҳо, аз қабили ИДМ, СААД, СҲШ ва ғ. фаъолона таҳким мебахшад. Ӯ ба Тоҷикистон дар Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ раёсати бомуваффақият таманно намуда, омодагии худро барои иқдомҳои муштарак дар ин самт изҳор дош.

Дар фарҷом Н. Назарбоев сафиронро бо оғози расмии фаъолияти дипломатиашон дар Қазоқистон табрик гуфта, ба онҳо дар кори рӯзмарраашон муваффақият орзу намуд.
 

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj