Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқот дар Китобхонаи Британияи Кабир

Дар таърихи 4 феврали соли 2019 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Масуд Халифазода бо Роҳбари Департаменти Ховари Миёна ва Осиёи Марказӣ Др Колин Бейкер ва  Роҳбари Департаменти Осиё ва Африқои Китобхонаи Британия Др. Луиса Элена Менгони  баргузор гардид.

Зимни мулоқот мавзӯҳо роҷеъ ба имконияти ба имзо расонидани санади ҳамкорӣ миёни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи Британия, баргузор намудани намоишгоҳҳо, ташкили сафарҳои мутақобилаи намояндагони   ниҳодҳои марбутаи ҳарду кишвар, ҷалби бурсияҳои таҳсилии он сохтор барои Тоҷикистон ва дигар мавзуҳои ҷолиби ҳамкорӣ, баррасӣ гардиданд. Ҳамзамон, аз ҷониби Сафорат китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хазинаи Китобхонаи Британия, тақдим гардиданд.

Китобхонаи Британия китобхонаи миллии Шоҳигарии Муттаҳида ва бузургтарин китобхона дар тамоми дунё шинохта шуда, аз 200 миллион нусхаи китоб ва дигар асноди иттилоотии мамолики мухталифи дунё иборат мебошад. Китобхонаи Британия ниҳоди асосии тадқиқотӣ ба ҳисоб рафта, маводҳо дар якчанд забонҳо ва шаклҳои гуногун, ҳам чопшуда ва ҳам рақамӣ ҷой дода шудаанд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj