Тоҷикӣ | Русский | English  

Супоридани эътимоднома ба Президенти Маҷористон

4 феврали соли 2019 дар шаҳри Будапешт Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷористон (бо қароргоҳ дар шаҳри Вена)  Идибек Қаландар эътимодномаи худро ба Президенти Маҷористон ҷаноби Янош Адер супорид.

Зимни суҳбате, ки пас аз анҷоми маросими супоридани эътимоднома сурат гирифт, ҷонибҳо роҷеъ ба масъалаҳои мубрами равобити дуҷониба миёни ду кишвар, инчунин ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Маҷористон дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла  Созмони Милали Муттаҳид, дар масъалаҳои марбут ба татбиқи Рӯзномаи ҷаҳонии рушд, мудирияти обу энергетика, муҳити зист ва тағйирёбии иқлим мубодилаи афкор намуданд.

Баъд аз анҷоми мулоқот сафири  Тоҷикистон дар “Майдони қаҳрамонон”-и шаҳри Будапешт ба пояи муҷассамаи қаҳрамонони Маҷористон гулчанбар гузошт.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj