Тоҷикӣ | Русский | English  

Тоҷикистони соҳибистиқлол – имкониятҳои сармоягузорӣ, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Санаи 1 феврали соли 2019 бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия дар Пажуҳишгоҳи тадқиқоти стратегии Ҷумҳурии Туркия (SDE) вобаста ба муарифии дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи  “Тоҷикистони соҳибистиқлол – имкониятҳои сармоягузорӣ, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” баргузор гардид. Дар кори мизи мудаввар намояндагон аз муассисаҳои илмию тадқиқотӣ ва соҳибкорони шаҳрҳои Анқара ва Измири кишвари иқомат иштирок намуданд.

Мизи мудаввар бо сухани ифтитоҳии Сафир оғоз гардид. Дар ҷаласа имкониятҳои сармоягузорӣ ва сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳлил ва баррасӣ гардид қароргирифтанд. Дар рафти суханронии худ Сафир қайд намуд, ки  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба беҳдошти фазои кории соҳибкорон ва фароҳам сохтани шароити мусоид барои сармоягузорони хориҷӣ тадбирҳои ҳадафмандона андешида, рушди соҳибкорӣ ва ҷалби сармояро  самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии кишвар эълон намудааст.

Ҳамзамон қайд гардид, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2019-2021 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидааст, ки барои сайёҳон шароити мусоид фароҳам овардааст.

Пас аз баромадҳои маърӯзачиён, доираи васеи намояндагони бахши хусусӣ, мақомоту идораҳо, воситаҳои ахбори омма дар мулоҳизарониҳо ва саволу ҷавоб фаъолона иштирок намуданд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj