Тоҷикӣ | Русский | English  

Суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар ҷараёни суҳбат сарони ду давлат ҳолати имрӯза ва дурнамои муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Қазоқистонро дар чорчӯбаи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба мавриди муҳокима қарор доданд.

Дар ин зимн ҷонибҳо ҳамчунин атрофи доираи васеи мавзӯъҳои мубрами дорои хислати байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор карданд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj